Толибон мехоҳанд, ки марзро бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон аз нав муайян кунанд

Хати сарҳадҳо байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар обхезиҳо шуста шуда, дубора муайян карда мешаванд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетика ва захираҳои обии ҳукумати толибон* Абдул Латиф Мансур изҳори назар кардааст. Дар ин бора TOLOnews хабар медиҳад. «Сарҳадҳои мо бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бинобар обхезиҳо шуста шудаанд. Мо корҳои муҳимеро барои […]

Asia-Plus

Хати сарҳадҳо байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар обхезиҳо шуста шуда, дубора муайян карда мешаванд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетика ва захираҳои обии ҳукумати толибон* Абдул Латиф Мансур изҳори назар кардааст. Дар ин бора TOLOnews хабар медиҳад.

«Сарҳадҳои мо бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бинобар обхезиҳо шуста шудаанд. Мо корҳои муҳимеро барои муайян кардани сарҳадҳои қаблӣ анҷом медиҳем ва 20 рӯз пеш ин масъаларо бо роҳбари олии худ баррасӣ кардем», – гуфтааст Мансур.

Ба гуфтаи ӯ, таъйину аломатгузории сарҳадҳо мутобиқи стратегияи нави муайян кардани сарҳадҳо байни Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки аз обхезиҳо зарар дидаанд, гузаронида мешавад.

Мансур изҳор дошт, ки ин «нақша, ки бо дастури роҳбари Аморати Исломӣ (амир Ҳайбатуллоҳ Охундзода – эзоҳи «Азия-Плюс») таҳия шудааст, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, мудофиа ва Сарраёсати иктишофӣ амалӣ карда мешавад.

Тафсилоти стратегияи зикршуда аз ҷониби роҳбари Вазорати энергетика шарҳ дода нашудааст.

Намояндагони вазорат таъкид кардаанд, ки Раёсати захираҳои оби Афғонистон ба ҳеҷ як кишвар зарар нахоҳад расонд.

«Ҳеҷ яке аз амалҳои мо барои зарар расонидан ба ҳамсояҳо равона нашудааст. Мо аз ҳиссаи одилонаи оби худ зиёда ба зарари ҳамсояҳо истифода набурдем ва чунин ният ҳам надорем», – изҳор доштаст сармушовири Вазорати энергетикаи Афғонистон Форуқ Аъзам.

Қобили зикр аст, ки сарҳадҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва қисман Туркманистон бо Афғонистон аз маҷрои Амударё (дар Тоҷикистон – аз рӯди Панҷ, ки бо Вахш якҷоя шуда, Амударёро ташкил медиҳад) мегузаранд. Аз се ҷумҳурӣ сарҳад бо Тоҷикистон дарозтарин аст – 1344 км.

Баъди сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон, онҳо ба сохтмони канали обёрии Қуштеппа, ки аз Амударё сарчашма гирифта, баъд аз анҷоми лоиҳа заминҳои се вилояти шимолии Афғонистон – Форёб, Балх ва Ҷузҷонро бо об таъмин мекунад, оғоз карданд.

Ин нақшаҳо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, хусусан Ӯзбекистон ва Туркманистонро, ки қисми зиёди оби Амударёро мегиранд ва аз камбуди он дар ташвишанд, нигарон кард.

Аммо мақомоти Афғонистон изҳор медоранд, ки онҳо ба гирифтани ҳиссаи маҷрои дарёи фаромарзӣ, ки то ҳол истифода намекарданд, ҳуқуқ доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио