Дар ним сол зиёда аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуданд

Давоми моҳҳои январ-июн теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд, ба андозаи 16% кам шудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун 17,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-июн теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд, ба андозаи 16% кам шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун 17,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон 332,7 ҳазор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Сабаби асосии хориҷ шудан риоя накардани қоидаҳои иқомат дар Русия, аз ҷумла ба охир расидани муҳлати амали патенти кор ва дигар қонуншиканиҳо мебошад.

Сафари муҳоҷирон ба Русия кам мешавад

Муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ хабар дод, ки дар нимсолаи аввал қариб 387 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр кардаанд, ки нисбат ба давраи ҳамин соли гузашта 62,3 ҳазор (15%) камтар аст. Ӯ зикр намуд, ки бо сабаби сангинтар шудани қонунгузории Русия сафари муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Нодирӣ таъкид кард, ки маҳдудиятҳои қонунгузорӣ ҳамеша вуҷуд дошта, натанҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҳамаи кишварҳое, ки ба Русия бидуни раводид сафар мекунанд, дахл дорад. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки баъди ҳодисаи фоҷиавӣ дар "Крокус Сити" дар Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ боздошт шуда буданд, тадбирҳои қонунгузорӣ сахттар истифода мешаванд.

"Дар сурати қонунӣ ба Русия фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик, хавфи хориҷ шудан хеле кам мешавад. Шуғли қонунӣ ва риояи ҳамаи қоидаву талаботи муқарраршуда ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки бе хавфи ихроҷ ва ҷазоҳои маъмурӣ дар Русия кор кунанд", – иброз дошт ӯ.

Нодирӣ илова кард, ки ба маълумоти ҷониби Русия, ҳоло зиёда аз 600 ҳазор патенти кории шаҳрвандони Тоҷикистон амал мекунад, ки ба соҳибони онҳо ҷиҳати бидуни монеа дар Русия кор кардан имкон медиҳад.

Чораҳо барои танзими муҳоҷират

Гулнора Ҳасанзода дар навбати худ зикр кард, ки 28 май дар Душанбе марҳилаи дуюми музокирот байни Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор шуд. Дар музокирот роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду ҷониб ширкат карданд. Дар гуфтушунид ба масоили фароҳам овардани шароит барои муҳоҷирати бехатар, қонунӣ ва танзимшудаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, риояи қонунгузорӣ, донистани забон ва фиристодани шаҳрвандон ба кор тавассути ҷалби муташаккилона таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҳамчунин масъалаи ба қаламрави Тоҷикистон гузаронидани расмиёти пеш аз сафар баррасӣ шуд.

Ҳасанзода хотиррасон намуд, ки ҳамон вақт бо иштироки вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар Душанбе намояндагии МД  федералии “Хадамоти шиносномавӣ-раводидӣ”-и ВКД Русия расман боз шуд.

Ин намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сабти изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба Русияро мустақиман дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаранд, ки ҷараёни омодагӣ ба шуғлро соддаву осонтар мекунад.

Ҳамчунин, таъсиси муассисаи тиббии Русия дар Тоҷикистон, курсҳои омӯзиши забони русӣ, инчунин, санҷишҳо оид ба забон, таърих ва асосҳои ҳуқуқ ба нақша гирифта шудааст.

Омори муҳоҷират

Зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон зикр гардид, ки давоми моҳҳои январ-июн ба намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон 12,8 ҳазор муроҷиат ворид шудааст (8460 дар ҳамин давраи соли гузашта). Аз онҳо 286 муроҷиат ба пардохт нашудани музди меҳнат дахл дошт. Дар натиҷаи дахолати намояндагӣ зиёда аз 18 млн рубл ба муҳоҷирони тоҷик пардохт шуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз сафари зиёда аз 4,7 ҳазор нафар ба Русия, ки дар рӯйхати шахсони манъшуда қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд. Аз онҳо 4163 нафар мардон ва 568 нафар занон буданд.

Теъдоди умумии афроде, ки дар нимсолаи аввал ба хориҷи кишвар рафтаанд, 392,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 16% камтар нисбат ба давраи ҳамин соли 2023 (467,2 ҳазор нафар) аст. Аз ин теъдод 314 ҳазор нафарро мардон ва 78,7 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Ба хориҷи кишвар рафтани мардон 17%  ва занон – 12% кам шудааст.

Теъдоди муҳоҷирони кории баргашта дар ин давра зиёда аз 324 ҳазор нафарро ташкил додааст (соли 2023 – 315,8 ҳазор), ки 3% бештар аз соли гузашта аст. Аз ин миқдор 243,5 ҳазор нафарро мардон (3% камтар) ва 80,5 ҳазор нафарро занон (25% бештар) ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.