Аввалин вохӯрии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба Афғонистон дар Тошканд

Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон аввалин вохӯрии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба Афғонистон баргузор шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар он намояндагони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ҳозирин “муҳиммият ва саривақтӣ будани таъсиси Гурӯҳи робита дар сатҳи намояндагони махсус оид ба масоили Афғонистонро ҳамчун патформаи минтақавии мустақил ҷиҳати […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон аввалин вохӯрии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба Афғонистон баргузор шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар он намояндагони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ҳозирин “муҳиммият ва саривақтӣ будани таъсиси Гурӯҳи робита дар сатҳи намояндагони махсус оид ба масоили Афғонистонро ҳамчун патформаи минтақавии мустақил ҷиҳати танзим ва муколамаи ҳадафманд ҷиҳати баррасии масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн” зикр кардаанд.

Тавре ки аз аксҳо бармеояд, Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сафири ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода намояндагӣ кардааст.

Намояндагон муҳим будани рушди равиши мустақилона ба мушкилоти Афғонистонро бо назардошти вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо фазои таърихии фарҳангӣ ва иқтисодӣ, инчунин манфиатдории умумӣ дар таъмини субот ва амният дар қитъаи АвруОсиё ба ҳамдигар пайваст аст, таъкид доштаанд.

“Ҷонибҳо нияти таҳияи равишҳои умумӣ, танзимшуда ва воқеиро нисбати вазъият дар Афғонистон тасдиқ намуда, зарурати барқарорсозӣ ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту логистика, фарҳангӣ ва башардӯстонаро байни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон зикр карданд”, – иттилоъ медиҳад ВКХ Ӯзбекистон.

Намояндагони кишварҳои минтақа атрофи масоили ҳамкорӣ бо ҳокимияти кунунии Афғонистон бо назардошти манфиатҳо ва афзалиятҳои миллии кишвраҳои минтақа табодули назар намуда, ҷиҳати тавсеъаи ҳамоҳангсозии тадбирҳо дар соҳаи амнияти минтақавӣ бо шумули мубориза бо ҷинояткороии фаромарзӣ, ифротгароӣ (экстремизм) ва терроризм, инчунин хариду фурӯшии маводи мухаддир изҳор ҳавасмандӣ кардаанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ нақши Афғонистонро дар талошҳои минтақавӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор зикр намуда, муҳим будани кори доимии Гурӯҳи робитаро ба сифати платформа барои табодули афкор, машварат ва ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба масоили Афғонистон таъкид доштанд ва дар бораи мунтазам баргузор намудани вохӯриҳо дар чунин шакл ба мувофиқа расиданд.

“Ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки фаъолияти минбаъдаи Гурӯҳи робита ба таҳкими нақши мустақилона ва масъулиятноки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ташаккули рӯзномаи минтақавӣ оид ба Афғонистон ва таъмини рушди устувори тамоми минтақа мусоидат мекунад”, – илова кардаанд дар ВКХ Ӯзбекистон.

Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.