Толибон мушовир оид ба нақлиёти худро дар Тоҷикистон таъин карданд

Вазорати нақлиёти Афғонистон мушовирон оид ба нақлиёт дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрону Покистон ва Туркманистонро таъин карданд. Дар ин бора хабаргузории  IRAF иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом бартараф намудани монеъаҳо дар транзит ва тавсеъаи дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байнулмилалӣ мебошад. Дар Вазорат зикр кардаанд, ки дар савдои хориҷӣ Афғонистон ба хатсайрҳои заминии ин […]

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Афғонистон мушовирон оид ба нақлиёт дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрону Покистон ва Туркманистонро таъин карданд. Дар ин бора хабаргузории  IRAF иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом бартараф намудани монеъаҳо дар транзит ва тавсеъаи дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байнулмилалӣ мебошад.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки дар савдои хориҷӣ Афғонистон ба хатсайрҳои заминии ин кишварҳои ҳамсоя вобастагии зиёд дошта, ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва долонҳои тиҷоратӣ ниёз дорад, ки ба соҳибкорни афғон ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ имкон фароҳам меоранд.

“Рисолати аслии мушовирони таъиншуда аз мусоидат ба афзоиши содирот, соддагардонии расмиёти транзитӣ ва тавсеъаи имконоти кишвар дар соҳаи нақлиёт иборат аст”, – таъкид мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки кишварҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла Тоҷикистон ҳоло ҳокимияти толибонро* дар Афғонистон расман эътироф накардаанд. Ягона кишваре, ки ҳукумати Толибон ё худ Имороти Исломии Афғонистнро расман шинохт, Русия аст.

Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Покистон сафоратхонаҳои худро дар Кобул боз намуданд ё дипломтаҳои худро таъин карданд, лекин ҳукумати толибонро расман эътироф накардаанд.

Сарфи назар аз фаъолмандии дипломатӣ, СММ ва аксарияти кишварҳо толибонро воқеъан ҳукумат дониста, лекин қонунӣ будани онҳоро эътироф намекунанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Афғонистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳудуди 72,5 млн долларро ташкил дод, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Аз ҷумла зиёда аз 62,9 млн доллар ба содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар ва беш аз 9,5 млн доллар – ба воридоти молу маҳсулот аз Афғонистон ба ҷумҳурии мо рост меояд.

Аз Тоҷикистон ба Афғонистон асосан нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Ҳамчунин ба кишвари ҳамсоя баъзе масолеҳи сохтмон, дар навбати аввал семент, инчунин ангишт, нуриҳои минералӣ ва дар ҳаҷми начандон зиёд маҳсулоти хӯрокворӣ фурӯхта мешаванд.

Қисми зиёди воридоти Тоҷикистон аз Афғонистонро маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла анҷир, мавиз ва пахта ташкил медиҳанд. Афғонистон барои фурӯш дар бозори Тоҷикистон инчунин қолин, сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо пешниҳод мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.