“Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” дар 3 соли охир бештар аз 400 млн сомонии муштариёнро баргардонидаанд

Asia-Plus

Ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар се соли охир – аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 каме бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, дар ин давра “Агроинвестбонк” 195 млн сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” 212 млн сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидаанд.

Раиси БМТ нагуфт, ки маблағи пардохтнашудаи муштариёни ин ду бонк чӣ қадар боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, дақиқ маълум нест, ки то ҳол ин ду бонки замоне низомсози Тоҷикистон дар тамоми давраи муфлисшавии худ чӣ қадар маблағи муштариёнашонро баргардонидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта гуфта буд, ки то 31-уми декабри соли 2024 уҳдадории “Тоҷиксодиротбонк” дар назди муштариёнаш 1 миллиарду 243 миллион сомонӣ боқӣ мондааст ва то пурра пардохт кардани ин қарзҳо масъалаи барҳам додани бонк мавқуф гузошта шудааст.

Ин дар ҳоле, ки дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3 млрд 888 млн сомонӣ аст.

“Агроинвестбонк” – бонки дигари муфлисшуда то 31-уми декабри соли 2022, бештар аз 1 млрд 600 млн сомонӣ дороӣ ва 1 млрд 400 млн сомонӣ уҳдадорӣ дошт.

Фирдавс Толибзода имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотӣ дар бораи бонки дигари муфлисшуда “Тоҷпромбонк суҳбат карда гуфт, маблағи муштариёни “Тоҷпромбонк” 30 млн сомонӣ боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр, то аввали соли 2024 “Тоҷпромбонк” – 80, “Тоҷиксодиротбонк” – 70 ва “Агроинвестбонк” – 40 дарсади маблағи амонату пасандоз гузоштаи муштариёнашонро баргардонида буданд.

 

Таърихи бонкҳои муфлисшуда

Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 2016 “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳам 26-уми майи соли 2021 бозхонд карда буд.

Амонатгузорону пасандозгузорони ин бонкҳо, солҳо инҷониб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки наметавонанд маблағҳои худро бозпас гиранд ва мудирони махсусу барҳамдиҳандагони Бонки миллии Тоҷикистон таъинкарда ҳам наметавонанд ба доди онҳо расидагӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд, ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз 2 соли дигар тамдид намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...