Додситони кул, боздошти беш аз 20 нафарро барои “қасди акти террористӣ” дар арафаи Наврӯз тасдиқ кард

Asia-Plus

Додситони кулли кишвар боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт, онҳо аъзоёни ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд ва мехостанд “гурӯҳи одамонро заҳролуд кунанд”.

Қаблан расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратии кишвар аз боздошти дастикам 15 сокини шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони содир кардани амали террористӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт ва шаҳри Ваҳдат хабар дода буданд.

Он замони расонаҳо навишта буданд, ки онҳо барои робита доштан бо гумонбарони ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ва ҳамкорӣ бо Давлати исломӣ* (ДОИШ) дастгир шудаанд.

Вале баъдтар КДАМ бо нашри як изҳорот ин иттилоъ рад карда, гуфта буд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки натавонистаанд аз манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ иттилои бадастовардаашонро расман тасдиқ ё такзиб кунанд.

Бо гузашти беш аз чор моҳ Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август гуфт, “дар ҳақиқат содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд ва дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДОИШ* дастгир карда шудаанд”.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки онҳо дар кадом минтақаи Тоҷикистон мехостанд одамонро заҳролуд кунанд, бо кадом роҳ ва бар зидди онҳо бо кадом моддаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Вале афзуд, “айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии додгоҳӣ қарор дорад”.

“Алоқаи онҳо бо дигар ташкилотҳои террористӣ зимни тафтишот мавриди санҷиши ҳамаҷониба ва пурра қарор дода шуд”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Зимнан, дирӯз, 8-уми август Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ним сол 3 амали террористӣ ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ дар ВМКБ, Хатлон ва шаҳру навоҳии тебеи марказ пешгирӣ карда шуд.

Аммо тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накард. Ҳамин тавр, нагуфт, ки дар робита ба ин амалҳои террористии пешгиришуда чанд нафар боздошт гардидааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...