Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар садри рӯйхати фасодзатарин сохторҳо

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодиро ошкор карда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода хабар дод.

Аз ҳама бештар ҳолатҳои коррупсия – 151 ҷиноят дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст. Ба гуфтаи Султонзода, миёни фасодзадатарин сохторҳо ҳамчунин соҳаҳои маорифу илм – 100 ҷиноят, шабакаҳои тақсимоти барқ – 80, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 73, мудофиа – 70, бахши идоракунии замин ва бақайдгири амволи ғайриманқул – 54, кишоварзӣ – 50 ва соҳаи бонкдорӣ – 35 ҷиноят қарор гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои 6 моҳи соли 2023 дар садри фасодзадатарин сохторҳо бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ (142 ҷиноят), мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ (123 ҷиноят), сохторҳои идоракунии замин ва бақайдгири амволи ғайриманқул (107), соҳаҳои маорифи илм (116), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (70) ва дигар сохторҳо қарор доштанд.

Соли 2022 аз лиҳози ошкор шудани ҷиноятҳои корррупсионӣ мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, инчунин сохторҳои маорифу тандурустӣ ва соҳаи идоракунии замин дар зинаҳои аввал ҷойгир шуда буданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба сурати умум 258 санҷиши молиявӣ гузаронида, дар натиҷа ба маблағи 251,1 млн сомонӣ зарар ошкор шудааст. Аз ин маблағ 240,5 млн сомонӣ ба нафъи давлат барқарор карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...