Агентии зиддифасод фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистонро эълон кард

Сулаймон Султонзода, директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯйхати ниҳодҳоеро номбар кард, ки дар онҳо бештар аз ҳама ҳолатҳои фасодкорӣ ошкор шудааст. Ба гуфтаи Султонзода, дар зарфи шаш моҳи аввали соли 2023 ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта бештар аз ҳама дар ниҳодҳои зерин ошкор гардидааст: – бонкҳои давлатию тиҷоратӣ – 142 ҷиноят; – ҳукумати шаҳру ноҳияҳо – […]

Asia-Plus

Сулаймон Султонзода, директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯйхати ниҳодҳоеро номбар кард, ки дар онҳо бештар аз ҳама ҳолатҳои фасодкорӣ ошкор шудааст.

Ба гуфтаи Султонзода, дар зарфи шаш моҳи аввали соли 2023 ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта бештар аз ҳама дар ниҳодҳои зерин ошкор гардидааст:

– бонкҳои давлатию тиҷоратӣ – 142 ҷиноят;

– ҳукумати шаҳру ноҳияҳо – 123 ҷиноят;

– идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул – 107 ҷиноят;

– маориф ва илм – 116 ҷиноят;

– тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 70 ҷиноят;

– шабакаҳои таксимоту фурӯши барқ – 26 ҷиноят;

– меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 18 ҷиноят;

– кишоварзӣ – 17 ҷиноят;

– дигар идораву корхонаҳои давлатӣ – 246 ҷиноят.

Бояд гуфт, ки Агентии зиддифасод ҳар сол ин рӯйхатро пешниҳод мекунад. Соли 2022 дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, маориф, тандурустӣ, замин ва соҳаи бонкдорӣ дар раддаи авал қарор доштанд.

Дар ин баробар, Агентии зиддифасод дар шашмоҳаи аввали соли равон 44 ҳолати фаъолияти якҷои хешовандон дар мансабҳои давлатиро ошкор кардааст.

“Аз фаъолияти якҷои хешовандон дар соҳаи тандурустӣ 16 ва дар соҳаи маориф 15 ҳолат ошкор гардида, онҳо аз вазифа озод карда шуданд. Дар ниҳодҳои дигар ҳам ин раванд ошкор ва чораҳои дархлдор андешида шудааст”, – гуфт Сулаймон Султонзода.

Ба қавли ӯ, дар шашмоҳаи гузашта инчунин 68 ҳолати вайрон кардани талаботи моддаи 22-и Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, аз қабили мавҷудияти доғи судӣ, надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдори ҳатмӣ ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта бо ирсоли санадҳои эътиноӣ чораҷӯӣ карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио