Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз Тоҷикистон бори дигар озодии Хуршед Фозиловро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозилов, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷикро интиқод карда, бо нашри изҳороте аз Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар озодии ӯро талаб кардааст. Карлос Мартинес де ла Серна, директори барномаҳои CPJ дар Ню-Йорк аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозиловро ба […]

Asia-Plus

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозилов, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷикро интиқод карда, бо нашри изҳороте аз Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар озодии ӯро талаб кардааст.

Карлос Мартинес де ла Серна, директори барномаҳои CPJ дар Ню-Йорк аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозиловро ба чолиш кашида, гуфтааст, ки дар Тоҷикистон “додгоҳҳо рӯзноманигоронро ҷинояткор мебароранд”.

“Хуршед Фозилов дастикам ҳафтумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар як соли ахир ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шудааст. Мақомот бояд Фозилов ва дигар журналистонро аз зиндон озод кунанд ва иддаои бо бадрафторӣ ба гуноҳ эътироф кардани онҳо ба таври ҳамаҷониба тафтиш карда шавад”, – омадааст дар изҳороти CPJ.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март Хуршед Фозиловро аз ҷои кораш дастгир карданд ва пас аз чанд рӯз бар зиддаш иттиҳом эълон шуд.

Рӯзи 26-уми майи соли 2023 Додгоҳи шаҳри Панҷакент дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Хуршед Фозиловро ба гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнӯъ  7 сол равонаи зиндон карда буд.

Вале худи Хуршед Фозилов, тавассути вакили дифоаш гуфта буд, ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надоштааст.

Пас аз ҳукм, пайвандон ва вакилони дифои рӯзноманигор ба зинаи кассатсионии Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурда буданд, аммо ахиран ин додгоҳ шикояти онҳоро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент бетағйир гузошт.

Ҳоло маълум нест, ки наздикон ва вакилони дифои Хуршед Фозилов ба зинаҳои болоии додгоҳ боз шикоят мебаранд ва ё не.

Қаблан Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби ҳама хабарнигорон хотима диҳад.

Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.