Боздошти 6 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон барои рабудани ҳамватанашон

Дар Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Онҳо ба рабудани ҳамватанашон бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон хабар медиҳад. «Дар Алмато шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид […]

Asia-Plus

Дар Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Онҳо ба рабудани ҳамватанашон бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон хабар медиҳад.

«Дар Алмато шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба пулис хабар дод», – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи ин мард, дӯсташ рӯзи 13 август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.

“Дар ҷараёни амалиёти дастаи таъиноти махсуси пулис 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд. Онҳо ӯро лату кӯб намуда, онро дар видео ба навор мегирифтанд”, – гуфтааст сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти пулиси Алмато Жанат Нургалиев.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.

Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ