Байни андозсупорандагони бузурги Тоҷикистон ширкатҳо бо сармояи Чин ҳам ҳастанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Калонтарин андозсупоранда дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” мебошад, ки ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Панҷакент машғул аст.

Ин ҷо сари андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ сухан меравад, ки онҳоро Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, 75%-и саҳмияҳои КМ “Зарафшон ба ширкати Zi Jin Mining Group Co. Ltd-и Чин тааллуқ дошта, дар зарфи 6 моҳи аввали имсол ин корхона ба маблағи 745 млн сомонӣ (зиёда аз 70 млн доллар) андоз супоридааст.

Дар зинаи дуюм “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” (корхонаи фаръии ширкати Tibet Summit)  қарор дорад, ки маблағи умумии андози пардохтаи он дар нимсолаи аввал 243 млн сомонӣ (ҳудуди 23 млн доллар)-ро ташкил дод. Ин ширкат ба иктишофи геологӣ, корҳои геодезӣ, истихроҷ, ғанисозӣ ва гудохтани фулузот (сурб, руҳ, мис, нуқра) дар шимоли ҷумҳурӣ машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи андоз зикр мекунанд, ки бар асари мушкилоти истеҳсолӣ ва молиявӣ пардохти андозҳо аз ҷониби “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” (Tajik-China Mining) кам шуда, акнун умедворанд, ки то охири сол мушкилот ҳаллу фасл ва пардохти андозҳо аз ҷониби ширкат дар ҳаҷми пешина барқарор мешаванд.

Зинаи сеюмро “Ширкати металлургии Анзоб” ишғол намуда, дар нимсолаи аввал ба маблағи 196 млн сомонӣ (18,5 млн доллар) андозҳои дохилӣ пардохт кардааст. Ин корхона ба ширктаи амрикоии Comcup Commodities Inc. Тааллуқ дошта, дар ноҳияи Айнӣ консентрати симобу сурма истеҳсол мекунад.

Ҳамчунин байни андозсупорандагон бузург бо 101 млн сомонӣ (9,5 млн доллар) ширкати “Пакрут” низ қарор дорад, ки бастаи пурраи саҳмияҳояш ба ширкати “China Nonferrous Metal International Mining Co., Ltd”-и Чин тааллуқ дорад. Ширкати мазкур ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат машғул аст.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети кишвар 9 млрд 837 млн сомонӣ (928 млн доллар) маблағ ворид шудааст, ки 6,7% зиёдтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.

Дар Кумита 2631 корхона бо сармояи хориҷӣ ба сифати андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 740 корхона (ҳудуди 30%) бо сармояи Чин мебошанд.

Қобили зикр аст, ки Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, давоми солҳои 2007-2023 Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 3 млрд 845 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.   

Дар идома Русия (1 млрд 851 млн доллар), Қазоқистон (1 млрд 209 млн доллар), ИМА (808 млн доллар), Британия (805 млн доллар) ва дигар кишварҳо қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...