Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати санҷиши хати интиқоли барқи CASA-1000 ба мувофиқа расиданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев масъалаҳои санҷиши зерсохтори хати барқи баландшиддати байниминтақавии CASA-1000-ро дар ҳудуди ду кишвар баррасӣ карданд. Дар ин  бора хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Қирғизистон хабар медиҳад.

Ин хати интиқоли барқ барои интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ шудааст.

Дар мулоқоте, ки дар ҷараёни сафари кории роҳбарони вазоратҳои энергетикаи ду кишвар ба Қазоқистон баргузор шуд, ҷонибҳо баргузории чорабиниҳо оид ба санҷиши корҳои анҷомдодашуда дар ҳудуди Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба нақша гирифтанд.

Дар доираи ин санҷишҳо хатҳои барқӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳои байни ду кишвар санҷида хоҳанд шуд. «Пас аз санҷиши дақиқу ҳамаҷониба ва ислоҳи камбудиҳо, хати интиқоли барқ пурра ба кор дароварда мешавад», – таъкид карданд дар Вазорати энергетикаи Қирғизистон.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар Қирғизистон корҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 идома доранд.

«Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ бо дарозии 456 километр босуръат идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони нуқтаи 500 кВ дар зеристгоҳи «Датка» 100% анҷом ёфтааст. Насби сутунҳо пурра ба анҷом расида, аз 456 км хати баландшиддати барқӣ 428 км кашида шудааст. Пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмон охири августи соли 2024 пешбинӣ мешавад», – омадааст дар хабар.

Қаблан моҳи июл вазири энергетикаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки ҳамаи корҳои марбут ба лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон ба анҷом расидаанд. То охири соли ҷорӣ корҳои сохтмон дар қаламрави Покистон низ ба поён мерасанд.

Далер Ҷумъа зикр кард, ки дар натиҷаи музокироти фаъоли кишварҳои иштирокдори лоиҳа ва шарикони рушд, бахусус Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барқарор гардида, дар натиҷа сохтмони қитъаи хатти интиқоли барқ дар Афғонистон дубора оғоз шуд.

Хатсайри хатти интиқоли барқи CASA-1000

Вазир изҳори итминон кард, ки бунёди зерсохтори зарурӣ дар Афғонистон то охири соли оянда ба итмом мерасад «Ин ба мо имкон медиҳад, ки лоиҳаро дар аввали соли 2026 ба кор андозем», – иброз дошт ӯ.

Вазири энергетикаи Тоҷикистон инчунин тавзеҳ дод, ки тибқи созишномаҳо байни кишварҳои иштирокдори лоиҳа, дар давоми 10 соли пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти CASA-1000, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон танҳо дар мавсими тобистон – аз моҳи май то сентябр сурат мегирад.

Дар лоиҳаи Central Asia – South Asia – 1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон сурат мегирад, пешбинӣ шудааст.

Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 бо иштироки сарони давлат ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуд.

Арзиши умумии сохтмони хати интиқоли барқи мазкур бо масофаи 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...