Арзиши сохтмони неругоҳи “Роғун” то 6,4 млрд доллар боло рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар давраи то соли 2035 маблағи хароҷот барои анҷоми лоиҳаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” 6,4 млрд доллар арзёбӣ мешавад. Дар ин бора дар Заминаи радабандии мустақили Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings сухан меравад.

Радабандӣ бар асоси маълумоти расмие, ки ба Агентӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори кишвар пешниҳод шудааст, таҳия гардидааст.

Дар санад зикр мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди бастаи маблағгузорӣ, ки ҳудуди 50%-и хароҷотро мепӯшонад, бо консорсиуми қарздиҳандагони бисёрҷониба ва дуҷониба гуфтушунид дорад. Интизор меравад, ки боз боқимондаи нисфи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва даромад аз неругоҳе, ки сохта шуда истодааст, сурат мегирад.

“Бастаи пешакии маблағгузории беруна аз 1,73 млрд доллар дар шакли қарзҳои нимаимтиёзнок, 850 млн доллар грантҳо ва 390 млн доллар қарзҳои имтиёзнок иборат аст”, – таъкид мекунанд таҳлилгарони S&P.

Гуфта мешавад, маблағгузории беруна баъди аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия намудани созишномаҳо оид ба интиқоли барқ бо ҳукуматҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дар солҳои 2024-2025 дастрас мегардад.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмон ҳудуди 60% аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешавад.

Дар санад зикр мешавад, ки соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳи “Роғун” аз буҷет ҷудо гардидани 2,5 млрд сомонӣ (236 млн доллар, 2,0% ММД) пешбинӣ карда, ҳаҷми хароҷот низ то анҷоми лоиҳа дар соли 2035 тақрибан дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад.

Мутахассисони S&P таъкид мекунанд, ки неругоҳи “Роғун” аллакай дар ҳаҷми ҳудуди 10-15% аз иқтидори умумӣ барқ истеҳсол мекунад. Онҳо интизорӣ доранд, ки давоми солҳои 2024-2035 даромад аз фурӯши барқ 1,1 млрд долларро ташкил медиҳад ва ба идомаи сохтмони неругоҳ равона мегардад.

Арзиши лоиҳаи неругоҳи “Роғун” чӣ гуна тағйир меёфт

Соли 2008 замони барқарор шудани амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.

Соли 2016 зимни баргузории тендери байнулмилалӣ оид ба интихоби паймонкори кулл барои сохтмони сарбанд, арзиши иншоот 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Соли 2022 Вазорати энергетикаи ҶТ, эълон дошт, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” беш аз 5 млрд доллар зарур аст.

Аввали моҳи феврали соли 2023 Вазорати энергетика хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони ин неругоҳ, тибқи арзёбиҳои ахир, 6,2 млрд доллар лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” зиёда аз 40 млрд сомонӣ (ҳудуди 4 млрд доллар) равона шуд, аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 млн сомонӣ), евробондҳо (500 млн доллар) ва боқимонда – аз ҳисоби буҷети давлатӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...