Дар роҳҳои Тоҷикистон зиёда аз 50 долони зиддитармавӣ сохта мешавад

Дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва роҳбари калони бахши нақлиётии Фонди авруосиёии мӯътадилсозӣ (субот) ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков имкони сохтмони долонҳои зиддитармавиро дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ баррасӣ карданд. Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо, аз ҷумла сохтмони 51 чунин долонҳо бо масофаи умумии 5,2 ҳазор метр […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва роҳбари калони бахши нақлиётии Фонди авруосиёии мӯътадилсозӣ (субот) ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков имкони сохтмони долонҳои зиддитармавиро дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо, аз ҷумла сохтмони 51 чунин долонҳо бо масофаи умумии 5,2 ҳазор метр барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар давраи зимистон баррасӣ шуд.

Вазорати нақлиёт дар бораи мушаххасан кадом роҳҳо будан хабар намедиҳад, лекин дар вохӯрӣ директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Душанбе-Чанок" дар назди ҳукумати Тоҷикистон Зафар Шарифзода низ ҳузур доштааст.

“Иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба зарурати иҷрои ҳарчи зудтари лоиҳа баҳри беҳбуди вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ изҳори итминон карданд, – зикр карданд дар Вазорат. – Бахши нақлиёти автомобилгард бинобар сабаби  шароитҳои хоси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвар аҳаммияти бузург дорад: ҳамлу нақли зиёда аз 93,4% бор ва 99,8%-и мусофирон маҳз тариқи нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешавад”.

Дар Вазорати нақлиёт хабар доданд, ки айни замон ба сурати умум 12 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки дар доираи созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ сармоягузорӣ шудаанд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) механизми минтақавии молиявӣ бо ҳаҷми зиёда аз 9 млрд доллар мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳои узви Фонд, инчунин дастгирии онҳо дар самти таъмини рушди устувор аз ҳадафҳои ФАСР унвон мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио