Пагоҳ сафкашии сайёраҳоро мушоҳида кардан мумкин аст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Пагоҳ, 28-уми август сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора сомонаи  Starwalknews  хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, ин маротиба 6 сайёра – Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як қатор саф мекашанд.

Ҳабиб Хӯҷаназаров, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳо дар суҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки ин ҳодисаро сокинони Тоҷикистон соати 5-и субҳ мушоҳида карда метавонанд.

“Дар як қатор саф кашидани 4 сайёра – Миррих, Муштарӣ, Уторид, ва Зуҳалро бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин  аст. Сайёраи Нептунро, ки ба Зуҳал наздик аст ва Уранро, ки ба Уторид наздик аст, бо ёрии дурбини астрономӣ мушоҳида  кардан мумкин аст”, – гуфт Хӯҷаназаров.

Ӯ афзуд, ки дар як саф баҳам омадани сайёраҳо ҳодисаи маъмули табиӣ аст ва дар як сол се-чор маротиба иттифоқ меафтад.

Таъсири ин падида ба инсон ва табиат аз тарафи олимони соҳа ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Баъзе аз нуҷумшиносон иддао мекунанд, ки он ба ҷисму саломатии баъзе одамон метавонад таъсири манфӣ расонад. Дар ҳамин ҳол мутахасиси тоҷик ин иддаоро рад карда гуфт, ки ба организми инсон ва иқлим таъсири назаррасе намерасонад.

“Тақрибан 99 фисади массаи системаи офтобӣ дар Офтоб аст ба ҳамин хотир дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо ба организми инсон таъсир намерасонад ва боиси тағйирёбии иқлим низ намегардад. Онҳо ҳатто ба мадори худашон низ таъсир расонида наметавонанд. Чунки бештари ҳодисаҳое, ки дар Замин иттифоқ меафтанд аз Офтоб вобастагӣ доранд”, – таъкид кард Хӯҷаназаров.

Мутахассис илова кард, ки ҳар як сайёра дар гирди Офтоб аз рӯйи мадори индитсивӣ чарх мезанад ва дар ин раванд сайёраҳо аз Офтоб дур мешаванд ва ҳалқае, ки дар он давр мезананд, масофаи зиёдро дар бар мегирад.

 “Ба ҳамин хотир баъзе сайёраҳо дар як радифи хурд ва калон ба ҳам меоянд ва ин ҳодисаи такроршаванда аст. Дар як тарафи Офтоб сайёраҳо дар як радиф ё қатор  саф мекашанд ва баъди чанд лаҳза онҳо дубора пароканда мешаванд”, – гуфт астрофизики тоҷик.

Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ 6 сайёра – Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як саф ба ҳам омаданд.

Ба иттилои сомонаи  Starwalknews  28 феврали соли 2025  сафкашии сайёраҳо дар назар аст, ки ҳодисаи нодир гуфта мешавад.  Зеро 7 сайёра Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран, Нептун ва Зуҳра (Ноҳид) дар як саф қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...