Боздошти 2 нашъаҷаллоб дар Душанбе бо 50 кило ҳашиш

Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобонро боздошт намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД-и пойтахт хабар доданд. Гумонбаршудагон Ҷавлонбек Шарипов ва Нозим Раҳимҷонов сокинони шаҳри Истаравшан мебошанд. Зимни боздошт аз онҳо 50 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон тибқи моддаи 200 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобонро боздошт намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД-и пойтахт хабар доданд.

Гумонбаршудагон Ҷавлонбек Шарипов ва Нозим Раҳимҷонов сокинони шаҳри Истаравшан мебошанд. Зимни боздошт аз онҳо 50 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон тибқи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст.

“Ҷиҳати дастгир намудани аъзоёни дигари ин гуруҳи нашъаҷаллоб чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ идома дорад”, – зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон низ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи иборат аз 4 нафарро боздошт ва аз онҳо ба сурати умум 179 кило ҳашишро мусодира намуда буданд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи наъаовари ҷусмҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Қисми зиёди ин мавод -беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Маводи муххадир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин зиёда аз 13,7 ҳазор дона ҳаб (таблетка)-и психотропӣ мусодира шудааст, ки 4,6 баробар зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.