Боздошти як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб бо 179 кг “ҳашиш” дар Душанбе

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб иборат аз 4 нафар дастгир гардида, аз онҳо 179 килограмм воситаҳои нашъадори навъи "Ҳашиш" дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин гурӯҳ аз ҷониби шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД дар […]

Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб иборат аз 4 нафар дастгир гардида, аз онҳо 179 килограмм воситаҳои нашъадори навъи "Ҳашиш" дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ин гурӯҳ аз ҷониби шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД дар Душанбе боздошт шуданд.

“Дар ҷараёни тафтишот Исо Орифов ва Нуралӣ Назаров мустақиман дар пойтахт боздошт шуданд. Баъдан, пас аз чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ду ҳамсафи онҳо — Даврон Ҳакимов ва Алишер Кабиров боздошт шуданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои ин ниҳод, маводи мухаддир қисман дар Ҳисор зери замин пинҳон шуда буда, қисми дигараш дар Фархор ёфт шудааст. Гурӯҳи ҷиноӣ ният доштаанд, ки ин миқдор маводи мухаддирро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад. Мушаххас ба кадом кишвар гуфта намешавад.

Милитсияи пойтахт мегӯяд, ки бар зидди боздоштшудагон тибқи қисми 4 моддаи 200 (Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё воситаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба онҳо аз ҳашт то бист сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 3 тоннаю 96 килограмму 611 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 619 килограмм (25%) зиёдтар аст.

Қисми асосии маводи мухаддир дар вилояти Хатлон мусодира шудаанд, махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ки маводи мухаддир бо қочоқ аз Афғонистон ворид мешаванд. Дар ин минтақа 1 тонна 381 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 44,6% аз ҳаҷми умумии маводи мусодирашуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 13 731 адад таблеткаи воситаҳои психотропӣ мусодира шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба зиёдтар аст (ба 10 776 адад зиёдтар).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.