Ҷасади як шахси гумшуда аз дарёи Зарафшон ёфт шуд

Ҷасади Мусулмон Мусулмонови 37-сола, сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ рӯзи 11-уми август дар минтақаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, дар дарёи Зарафшон ёфт шудааст. Ӯ аз 8-уми август бедарак буд. Дар ин бора бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст. Манбаъ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаст, ки  гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷасадро […]

Asia-Plus

Ҷасади Мусулмон Мусулмонови 37-сола, сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ рӯзи 11-уми август дар минтақаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, дар дарёи Зарафшон ёфт шудааст. Ӯ аз 8-уми август бедарак буд. Дар ин бора бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Манбаъ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаст, ки  гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷасадро бароварда ба мақомоти дахлдор дар ноҳияи Айнӣ супориданд.

“Баъдан маълум шуд, ки марди дар об ғарқшуда шаҳрванд Мусулмонов Мусулмон Сироҷиддинович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки Мусулмонов рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ аз хона баромада, бедарак гашта буд ва “ниҳоят баъди 3 рӯз муайян шуд, ки шаҳрванд ба дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шудааст”.

Ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳо 86 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.