“Сипар гурӯҳ” бо ҷалби $15 млн сармояи хориҷӣ ба сохтани мошинҳои ҳарбӣ оғоз мекунад

Дар ин замина байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Сипар Групп” созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки созишнома рӯзи 12-уми август дар бинои ин Кумита ба имзо расид. “Ширкати “Сипар Групп” тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби […]

Asia-Plus

Дар ин замина байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Сипар Групп” созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки созишнома рӯзи 12-уми август дар бинои ин Кумита ба имзо расид.

“Ширкати “Сипар Групп” тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми  15 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон корхонаи насбу  васли 17 намуд нақлиёти махсусро бо  таъсиси беш аз 100 ҷойи нави кор таъсис диҳад. Дар ин замина байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати “Сипар Групп” оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон  Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ҷамъу васли то 120 мошини махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба амалишавии “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки моҳи майи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода фаъолияти ҶДММ “Сипар гурӯҳ”-ро, ки самти фаъолияти асосии он ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ аст, ба истифода дода буд.

Ҳамон замон гуфта мешуд, ки дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда мешавад.

Қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад.

Гуфта мешуд, ки мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шуда, оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.