Ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис-2024 бо пул, мошин, хона ва ордени Шараф қадрдонӣ шуданд

Субҳи имрӯз ҷоизадорони Бозиҳои олипии Порис-2024 ба ватан баргаштанд. Баъди пешвози хешовандону наздикон ва мардуми кишвар варзишгарони тоҷикро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфта, ба онҳо ҷоизаву мукофотпулиҳо тақдим карданд. Ба ҳар як ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ мукофоти давлатӣ – Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ ҳамчун […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Субҳи имрӯз ҷоизадорони Бозиҳои олипии Порис-2024 ба ватан баргаштанд. Баъди пешвози хешовандону наздикон ва мардуми кишвар варзишгарони тоҷикро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфта, ба онҳо ҷоизаву мукофотпулиҳо тақдим карданд.

Ба ҳар як ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ мукофоти давлатӣ – Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷоизаи раиси ҷумҳури кишвар, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ тақдим гардид.

Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз баргашти варзишгарони тоҷик расонаҳо хабар дода буданд, ки ба ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз 10 то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматӣ медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ин мукофот барои баланд бардоштани рӯҳияи варзишгарони тоҷик аст то дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст оранд.

Ёдрас мекунем, ки дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Тоҷикистон 14 варзишгар иштирок карданд ва се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Дар умум, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1996 иштирок мекунанд ва то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллои варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпиро Дилшод Назаров аз намуди варзиши гурзпартоӣ соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро ба даст овард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.