Вазорати маориф теъдоди донишҷӯёнеро, ки дар хориҷа таҳсил доранд, номбар кард

Зиёда аз 41,2 ҳазор ҷавонон ва духтарони тоҷик айни замон дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷа бештарашон – 33 ҳазору 178 нафар дар Русия ба хондан машғуланд. Ба сегонаи аввали кишварҳо инчунин Чин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Зиёда аз 41,2 ҳазор ҷавонон ва духтарони тоҷик айни замон дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Аз теъдоди умумии донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷа бештарашон – 33 ҳазору 178 нафар дар Русия ба хондан машғуланд. Ба сегонаи аввали кишварҳо инчунин Чин – 2 ҳазор 900 донишҷӯ ва Қазоқистон – 970 донишҷӯ шомиланд.

Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар дигар кишварҳои хориҷӣ тариқи зайл аст:

Туркия – 900 донишҷӯ;

Беларус – 802 донишҷӯ;

Ҳиндустон – 675 донишҷӯ;

Ӯзбекистон – 504 донишҷӯ;

Малайзия – 420 донишҷӯ;

Олмон – 125 донишҷӯ;

Маҷористон (Венгрия) – 110 донишҷӯ;

Чехия – 94 донишҷӯ;

Лаҳистон (Полша) – 81 донишҷӯ;

Озарбойҷон – 70 донишҷӯ;

Фаронса – 61 донишҷӯ;

Эрон – 54 донишҷӯ;

Амороти Муттаҳидаи Араб – 49 донишҷӯ;

Ҷопон – 47 донишҷӯ;

Давлати Қатар – 32 донишҷӯ;

Арабистони Саудӣ – 38 донишҷӯ;

Британияи Кабир – 18 донишҷӯ;

Кишварҳои Бенилюкс – 10 донишҷӯ;

Гурҷистон – 4 донишҷӯ;

Туркманистон – 4 донишҷӯ.

“Ин маълумот ҷуғрофияи васеи муассисаҳои таълимиеро, ки дар он донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд ва ҳузури онҳоро дар марказҳои таълимии ҷаҳон таъкид мекунанд”, – зикр карданд дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷараёни қабули донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии хориҷӣ идома дорад. Маълумоти оморӣ моҳи октябр нав мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” амал мекунад, ки 2 марти соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, муттаҳидӣ миёни ҷавонону духтарони машғули таҳсил дар хориҷа аз ҳадафҳои маҳфил унвон мешавад.

Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёне, ки дар кишварҳое чун Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Нидерланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, аъзои маҳфил мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.