Тоҷикистон ва Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки якҷоя уран ва металлҳои нодир истихроҷ кунанд

Ширкатҳои “Металлҳои Нодири Тоҷикистон” (“ТоҷикРедМет”) ва “Казатомпром” дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди уран ва металлҳои нодир ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Ин ёддошт 22-юми августи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари расмии Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Казатомпром”. Ёддошти мазкур шарикии стратегӣ […]

Asia-Plus

Ширкатҳои “Металлҳои Нодири Тоҷикистон” (“ТоҷикРедМет”) ва “Казатомпром” дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди уран ва металлҳои нодир ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Ин ёддошт 22-юми августи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари расмии Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Казатомпром”.

Ёддошти мазкур шарикии стратегӣ дар соҳаи кӯҳкании ҳарду кишварро пешбинӣ мекунад. Ширкатҳо ният доранд якҷоя ба иҷрои якчанд ташаббус, аз ҷумла ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди уран ва дигар металлҳои нодир, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакашӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳо машғул шаванд.

“Ҳарчанд дар бораи натиҷаҳои мушаххас сӯҳбат кардан барвақт аст, аммо мо ба лоиҳаҳои ояндадори муштарак дар соҳаи уран, инчунин металлҳои нодир тамаркуз кардаем, ки метавонанд ҳам барои Қазоқистон ва ҳам ба Тоҷикистон нафъи назаррас оваранд", – гуфт Меиржан Юсупов, раиси Шӯрои мудирони “Казатомпром”.

Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик намояндагони ширкати “ТоҷикРедМет” бо сафари ҷавобӣ ба Қазоқистон мераванд, то бо иқтидорҳои истеҳсолии “Казатомпром” шинос шуда, имконияти ҳамкориҳои минбаъдаро ба таври муфассал арзёбӣ кунанд.

 “Казатомпром” бузургтарин истеҳсолкунандаи уран дар ҷаҳон мебошад. Дар соли 2023, ба ҳиссаи ин ширкат тақрибан 20% аз истихроҷи урани табиии ҷаҳон рост меомад. “Казатомпром” якҷо бо корхонаҳои фаръӣ ва созмонҳои муштараки худ 26 кони уранро, ки ба 14 корхонаи истихроҷи уран дохил мешаванд, коркард мекунад. Ҳамаи онҳо дар ҳудуди Қазоқистон ҷойгиранд. Зикр мешавад, ки дар раванди истихроҷи уран онҳо аз технологияҳои навин истифода мебаранд ва ба воситаҳои назорати ҳифзи саломатӣ, бехатарии саноатӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.

"ТоҷРедмет" як корхонаи воҳиди давлатӣ буда, тамоми партовгоҳҳои сангҳои саноати урани Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Ин корхона тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.