Мавод тартиб дода, дар махзан мегузорем. ВКД акнун мизоҷони фолбину ҷодугарро “ҷазо” медиҳад

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон акнун нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад. Дар ин бора сомонаи ин ниҳод хабар медиҳад.

ВКД мегӯяд, ин тасмим бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо дар самти фолбиниву ҷодугарӣ аст.

Ин ниҳод  дар як изҳорот гуфт, "танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос (онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд, муаллиф) ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст”. 

Мақомоти корҳои дохилии кишвар нигаронӣ кардааст, ки “баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд”.

Сабти номи нафраоне, ки пеши фолбину ҷодугар меравнад дар ҳолест, ки чанд моҳи охир “шикор”-и фолбину ҷодугар дар кишвар якбора авҷ гирифта, ҳамчунин, дар асоси қонун ҷазо барои ин кор пурзуртар шуд.

Аз аввали сол то моҳи август танҳо дар Душанбе бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ 141 нафар ва дар Хатлон қариб 70 нафар боздошт ва аксарашон ҷарима шудаанд.

Қаблан, ВКД хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.

Зимнан, мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21 июни соли ҷорӣ ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Ба ин нигоҳ накарда мардум аз хидмати фолбину ҷодугарон истифода мекунанд. Чаро? – дар маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...