Мубориза бо фолбиниву ҷодугарӣ. Аз оғози сол 141 нафар боздошт шудаанд

Дар Душанбе бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ аз аввали сол 141 нафар боздошт шудаанд. Аммо ҳамоно аҳолӣ ба хадамоти соҳирону фолбинҳо таваҷҷуҳ доранд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, фаъолияти хешро дар самти мубориза бо падидаҳое мисли фолбинӣ ва ҷодугарӣ тақвият бахшидаанд. “Новобаста аз талошҳои ба харҷ додашуда, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тоифа […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ аз аввали сол 141 нафар боздошт шудаанд. Аммо ҳамоно аҳолӣ ба хадамоти соҳирону фолбинҳо таваҷҷуҳ доранд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, фаъолияти хешро дар самти мубориза бо падидаҳое мисли фолбинӣ ва ҷодугарӣ тақвият бахшидаанд.

“Новобаста аз талошҳои ба харҷ додашуда, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тоифа одамон то ҳол вуҷуд доранд. Бо ин сабаб, ҷазо нисбат ба фолбинҳо ва ҷодугарон сахттар карда шудааст”, – зикр мегардад дар изҳороти ин ниҳод.

Дар ин ниҳод таъкид мекунанд, ки фолбинӣ тавассути корт яке аз маъмултарин навъҳои фолбиниву ҷодугарӣ мебошад. Танҳо дар моҳи август кормандони милитсияи шаҳрӣ барои ин шеваи фолбинӣ 7 занро боздошт карданд.

Ба ин тартиб, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Сайёра И.-ро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ боздошт карданд. Тибқи маълумоти РВКД, ӯ манзили худро ба ҷои қабули сокинон табдил дода, ба фолбинӣ тавассути корт машғул шудааст.

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино Равиля А.-ро боздошт карданд, ки байни сокинон бо фолбинӣ тавассути корт маъруф буд. Вай ба қаллобӣ машғул шуда, гӯё ояндаи шаҳрвандонро пешгӯӣ мекард ва барои ин даромади молӣ мегирифт.

Дар ҳамин ноҳия Савзамо Ш. низ бо ҳамин иттиҳом боздошт шуд. Ӯ низ бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тавассути корт машғул будааст.

Яке аз боздоштшудагони дигар, сокини шаҳри Истаравшан Шаҳло Г., муддате дар Душанбе хона иҷора гирифта, аз ҳисоби фолбинӣ рӯзгорашро пеш мебурд. Ин зан низ гӯё ояндаро пешгӯӣ карда, бо ёрии шириниҳо муносибати байни зану шавҳарҳоро беҳтар мекардааст.

Ин чор нафар боздоштшуда тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии (КҲМ) Тоҷикистон аз ҷониби суд ба андозаи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробари 72 сомонӣ мебошад), яъне 2 ҳзаору 880 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Пештар низ милитсия дар бораи боздошти се зани сокини Душанбе хабар дода буд, ки дар хонаи худ ба фолбинӣ машғул буданд. Онҳо барои 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шудаанд.

Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и КҲМ ҶТ аз 21 июни соли ҷорӣ ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи банди нав ворид карда шуд. Мувофиқи ин тағйирот, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон соли 2008 барои ҷодугарӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд, ва аз соли 2015 барои гузаронидани маросимҳои сеҳру ҷоду ҷазои ҷиноятӣ – то 7 сол маҳрумият аз озодӣ ҷорӣ гардид.

Аммо бо вуҷуди ин, мардум то ҳол ба хидматрасониҳои фолбинҳо ва ҷодугарон муроҷиат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.