“Ба мардҳо раводид намедиҳанд!” Чаро АМА ба шаҳрвандони Тоҷикистон раводид намедиҳад?

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шикоят доранд, ки барои дарёфти раводиди Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Онҳо мегӯянд, ду ҳафта инҷониб ба дархости онҳо посухи рад дода мешавад. Ширкатҳои сайёҳӣ низ тасдиқ мекунанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин мушкил пеш омадааст, аммо мақомоти дахлдор расман шарҳ намедиҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шикоят доранд, ки барои дарёфти раводиди Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Онҳо мегӯянд, ду ҳафта инҷониб ба дархости онҳо посухи рад дода мешавад. Ширкатҳои сайёҳӣ низ тасдиқ мекунанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин мушкил пеш омадааст, аммо мақомоти дахлдор расман шарҳ намедиҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз мушкил огоҳ аст ва онро пайгирӣ дорад.

Шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон аз мушкили дарёфти раводиди АМА чанд рӯзи охир хеле зиёд шуд. Чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ин кишвар ба дархости онҳо ҷиҳати дарёти раводид бидуни шарҳе посухи рад медиҳад.

Ин мушкилро намояндагонни чанд ширкати сайёҳӣ низ тасдиқ карданд. Як масъули ширкати сайёҳии “Prestige Tour” дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки ҳоло танҳо дархости раводиди мардҳо рад шуда истодааст.

“Муддати 15 рӯз аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо ин мушкил рӯбарӯ шуданд. Агар аҳли хонавода дархост пешниҳод кунандЮ, раводид дода мешавад, аммо агар мардҳо танҳо дархост пешниҳод кунад, рад мекунанд. То ҳол сабаби рад шудани дархостҳоро шарҳ надодаанд, вале аз сафорат ба мо гуфтанд, ки шаҳрвандоне, ки ҳатто як соат аз муҳлати раводидашон гузаштагӣ аст, дархосташон рад мешавад”, ‑ гуфт масъули ин ширкат.

 

Дар ширкати сайёҳии “Adras Travel” низ гуфтанд, ки танҳо ба мардҳо раводид намедиҳанд ва занҳову духтарҳо ва оилаҳо бе мушкилӣ раводидро гирифта истодаанд. Масъулини ин ширкат низ мегӯянд, ки мақомот сабаби рад шудани дархости мардҳоро барои дарёфти раводид шарҳ надодаанд.

“Имрӯз як мард бо ҳамроҳи зану фарзандонаш барои дарёфти раводид муроҷиат карданд, ҳатто ба онҳо низ гуфтанд, ки кафолат намедиҳанд. То ҷое мо фаҳмидем, гӯё дар Дубай шаҳрвандони тоҷикеро пайдо кардаанд, ки бе ҳуҷҷат дар таҳхонаҳо фаъолият мекардаанд. Мегӯянд, ки ба ҳамин хотир дигар ба мардҳо дар танҳоӣ раводид намедиҳанд. То ҳол шарҳи расмӣ мо дарёфт накардаем ва намедонем, ки чаро дархости мардҳо рад мешавад”, ‑ гуфтанд дар ширкати мазкур.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия‑Плюс” гуфтанд, ки аз мушкилии дарёфти раводиди АМА огоҳ ҳастанд ва онро пайгирӣ карда истодаанд.

“Дар робита ба ин масъала дар ҷараён ҳастем ва барои шарҳи бештар ба ҷониби АМА муроҷиат намудем, интизори посухи онҳо мебошем”, ‑ гуфтанд дар ВКХ.

Бояд гуфт, нархи раводиди АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1 ҳазору 67 сомонӣ (100 доллар) муайян карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022, бо 52 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Баҳрайн низоми бераводиди яктарафаро ҷорӣ намуд. Шаҳрвандони кишварҳои мазкур имкон доранд, ки давоми 30 рӯз дар Тоҷикистон бидуни равонид қарор дошта бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.