Баъди нашри матлаби “Asia-Plus”, директори Театри Камоли Хуҷандӣ гуфт, саркоргардон бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд

Asia-Plus

Эҳсон Ҳомидов, директори Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар посух ба як матлаби “Asia-Plus” оид ба тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтани Сӯҳроб Шехов, саркоргардон ва Фаёзҷон Бойматов, ҳунарманди ин театр, иттилоъ дод, ки саркоргардон “бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ” аз вазифа озод карда шуд.

“Санаи 2-юми августи соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки саркоргардони театри мазкур Сӯҳроб Шехов ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, балки дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад. Дар он замон воқеан ҳам саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошт.

Сӯҳроб Шехов бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ  5-уми августи соли 2024 бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Суҳроб Шехов дар Театри давлатии масҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси саркоргардони театр  солҳои  2017 -2024 фаъолият бурдааст”, – гуфта мешавад дар вокуниши директори Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки 30-юми август ба хабарнигори “Asia-Plus” дар вилояти Суғд ирсол шудааст.

Матлаби “Asia-Plus” бо номи “Бехонагӣ ва беқадрии ҳунарманд. Чаро саркоргардони театри Камоли Хуҷандӣ тарки пеша кард?” дирӯз, 29-уми август нашр шуд ва дар он Сӯҳроб Шехов сабаби тарки пеша карда, ду моҳ ин ҷониб ба муҳоҷират рафтани худро ба гаронии иҷорапуливу вазнинии зиндагӣ ва дастгирӣ наёфтан аз сӯйи ҳукумати вилоят рабт дода буд.  Фаёзҷон Бойматов ҳам зикр карда буд, ки “бо сабаби камии маош ва шароити вазнини зиндагӣ тарки пеша кардааст”.

Дар матлаби нашркардаи “Asia-Plus” ҳамчунин, назари Эҳсон Ҳомидов, директори Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки 2-юми августи соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, дарҷ гардида буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки Сӯҳроб Шехов “ҳоло низ дар рухсатӣ аст, на дар муҳоҷирати меҳнатӣ”.

Аммо дар вокуниши Эҳсон Ҳомидов “вазъи номусоиди оилавӣ”-и саркоргардон, даъвои ӯ оид ба сабаби воқеии тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанаш, ки дар матлаби нашргардида зикр мешавад, шарҳ дода нашудааст.

Ҳамчунин, дар оид ба гуфтаҳои Фаёзҷон Бойматов, ҳунарманди дигари ин театр низ шарҳе пешниҳод нашудааст.

Дар ҳамон нишасти матбуотии ахир Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд тасдиқ кард, ки аз мушкили иҷоранишинии Сӯҳроб ва муроҷиатҳои ӯ ба ҳукумати вилоят огоҳ буд ва ба ӯ маслиҳат дод, ки боз соле сабр кунад.

“Замоне Сӯҳроб намоишҳои театриро ба хориҷа бурд, раиси вилояти Суғд харҷоти онро пардохт карданд. Боварам буд, дар масъалаи таъмини хона низ дастгирӣ мекарданд, аммо Сӯҳроб сабр накарду рафт”, – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...