Даври сеюми сабти довталабон дар Маркази миллии тестӣ оғоз шуд. Кӣ метавонад ширкат кунад ва бо кадом шартҳо?

Asia-Plus

Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз оғози давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олиро эълон кард. Ин ниҳод гуфт, давраи сеюми бақайдгирӣ аз дирӯз, 2-юми сентябр оғоз ва то то 15-уми сентябр давом мекунад.

ММТ барои бақайдгирии довталабон дар ин давр дар 10 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар – Норак, Роғун, Турсунзода, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритус, Нуробод, Лахш, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъол кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:

– шахсоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

– довталабони дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

– довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

– довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

– довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Дар даври сеюми бақайдгирӣ ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён баъд даврҳои якум ва дуюм холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад.

“Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд”, – гуфтааст ММТ.

Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои даври сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, дар сомонаи МММТ гузошта шудааст.

Маркази миллии тестӣ бори дигар падару модаронро огоҳ кардааст, ки аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ огоҳии кофӣ дошта бошанд ва “ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад”.

Тибқи нақша, довталабоне, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 22 сентябр месупоранд.

Дар ин даври бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо якеро интихоб карда метавонанд.

Инчунин барои довталабоне, ки дар ин давр ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В аз 19 то 20 сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронида мешаванд.

Арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давр пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хидматрасонӣ дар ИМД-2024, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти ин маблағ имтиёздошта дар зер оварда шудааст.

Ёдрас бояд кард, ки давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2024 аз 1-уми март то 30-юми апрел давом карда буд. Баъдан ММТ ин мӯҳлатро боз то дуюми май дароз кард.

Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.

Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки теъдоди довталабон дар ММТ коҳиш меёбанд.

Коршиносон омили коҳиши довталабонро ба қабули қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ рабт медиҳанд, ки ҳамакнун даъвати магистрантҳоро низ ба хидмати ҳарбӣ имконпазир кард. Таъкид мешавад, ки коҳиши теъдоди довталабон боиси маҷбур кардани хатмкунандагон барои иштирок дар имтищонҳои дохилшавӣ шудааст. Аммо масъулин сабаби кам шудани довталабонро ба коҳиш ёфтани теъдоди хатмкунандагон рабт медиҳанд.

Дар 10 тавассути Маркази милли тестӣ беш аз 478 ҳазор довталаб ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо (омор барои хатмкунандагони синфи 11)-и кишвар дохил шуда, 363 ҳазор довталаб муваффақ нашудаанд.

Маркази миллии тестӣ дар тӯли 10 фаъолияташ чӣ кор кард, дар ин маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...