Истаравшан: Манижа, ки барои идомаи таҳсил аз президент кумак хост, донишҷӯ шуд

Манижаи Муродӣ, духтари истаравшанӣ, ки чанде пештар бо навиштани мактуб аз раисҷумҳури Тоҷикистон хост, барояш барои идома таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад, вагарна ӯро ба шавҳар медиҳанд, донишҷӯ шудааст. Манижа имсол мактаби №50 – и деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшанро хатм карда, барои идомаи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои кишвар, ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) ҳуҷҷат […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Манижаи Муродӣ, духтари истаравшанӣ, ки чанде пештар бо навиштани мактуб аз раисҷумҳури Тоҷикистон хост, барояш барои идома таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад, вагарна ӯро ба шавҳар медиҳанд, донишҷӯ шудааст.

Манижа имсол мактаби №50 – и деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшанро хатм карда, барои идомаи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои кишвар, ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) ҳуҷҷат супорид, аммо дар имтиҳон натавонист холи заруриро соҳиб шавад.

Дар пайи ин ӯ ба унвони раисҷумҳури кишвар мактуб карда, аз ӯ барои мусоидат ҷиҳати идомаи таҳсил дар донишгоҳ кӯмак хост ва таъкид кард, ки дар сурати маҳрум шудан аз идомаи таҳсил ӯро ба шавҳар медиҳанд.

Бо гузашти бештар аз як моҳ аз ин муроҷиат, модари Манижаи Муродӣ ба “Азия-Плюс” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, духтараш тавонистааст такроран имтиҳон супорида, донишҷӯ шавад.

“Манижа дар марҳилаи дуюми қабули донишҷӯён тариқи ММТ холи заруриро соҳиб ва ба факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба гуруҳи буҷавӣ дохил шуд. Дирӯз ӯро ба шаҳри Хуҷанд бурда, ба донишгоҳ гусел кардем. Ҳоло дар хонаи яке аз пайвандонамон ҷойгир шудааст”, – гуфт модари Манижа.

Аммо модари Манижа таъкид кард, ки ба мактуби саркушоди духтараш то ҳол посухе дарёфт накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки мактуби Манижа охири моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардид ва вокуниши гуногунро ба миён овард. Бисёре аз корбарон аз Манижа ҷонибдорӣ карда, хостаанд, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба ӯ ёрӣ расонанд.

Бояд гуфт, тибқи қонун монеъ шудан барои таҳсил ва ё иҷборӣ ба шавҳар додани духтар манъ аст ва дар пай муҷозот дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.