Худкушии як хонанда дар Рӯзи дониш

Як хонандаи мактаб дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар рӯзи аввали соли хониш худкушӣ кардааст. Сабаби худкушии хонандаи мактабро додситонӣ таҳқиқ мекунад. Даврон Зикриллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфт, Ҷ.Ҳ. (ному насаб бо сабаби ахлоқӣ ошкор намешавад) дар рӯзи аввали соли хониш дар хонаи худ худро ба дор кашидааст. “Ӯ дар синфи […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як хонандаи мактаб дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар рӯзи аввали соли хониш худкушӣ кардааст. Сабаби худкушии хонандаи мактабро додситонӣ таҳқиқ мекунад.

Даврон Зикриллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфт, Ҷ.Ҳ. (ному насаб бо сабаби ахлоқӣ ошкор намешавад) дар рӯзи аввали соли хониш дар хонаи худ худро ба дор кашидааст.

“Ӯ дар синфи 9-и яке аз мактабҳои ноҳия таҳсил дошт ва пештар ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба яке аз гимназияҳо супорида буд. Мехост илмҳои дақиқро хубтар аз худ карда, ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шавад”, – гуфт манбаъ.

Сабаби худкушии ин хонандаи мактаб маълум нест. Дар мақомоти милитсияи вилояти Суғд ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки аз руйи салоҳият ҳодисаро мақомоти додситонӣ таҳқиқ дорад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ин хонанда баъди аз ҳам ҷудо шудани волидонаш, бо модараш дар хонаи падарандар зиндагӣ доштааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи худкушӣ дар Деваштич давоми соли ҷорӣ нест. Моҳи марти имсол низ як хонандаи мактаб дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ин ноҳия худкушӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.