Кӯдакон ва Интернет. Чӣ гуна метавон кӯдакро аз хавфи фазои рақамӣ эмин нигаҳ дошт?

Саша Каримова, махсус барои Asia-Plus

Аксарияти волидон дар Тоҷикистон бо қоидаҳои бехатарӣ дар шабакаи Интернет шинос нестанд ва наметавонанд ба кӯдак дар ҳифзи киберхавфҳо ёрӣ расонанд. Манъи истифодаи Интернет роҳи ҳал нест, зеро кӯдак дар ҳама ҳолат ба ин “дом” меафтад.

Дар ин мавод мо ба шумо дар бораи чӣ гуна ҳифз кардани кӯдак ва хавфҳои Интернет маълумот медиҳем.

Хатарҳо барои кӯдакон дар Интернет

Рӯзноманигори тоҷик Зебо Тоҷибоева, модари ду духтар, чанд сол пеш бо масъалаҳои бехатарӣ дар интернет дучор шуд. Ҳама чиз аз бозии машҳури "Наҳанги кабуд" (Синий кит) оғоз ёфт, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, наврасонро ба анҷом додани супоришҳои хатарнок, аз ҷумла зиёнрасонӣ ба худ ва ҳатто худкушӣ водор мекард. Ин воқеа Зеборо водор сохт, ки дар бораи хатари интернет барои фарзандонаш андеша кунад.

«Он вақт ман ба ин мавзӯъ сахт ҷалб шудам, зеро духтари калониям дар марҳилаи наврасӣ буд, – мегӯяд ӯ. – Ман натавонистам истифодаи интернети ӯро пурра назорат кунам, зеро ҳар як кӯдак бояд фазои шахсии худро дошта бошад. Танҳо як чиз боқӣ мемонд – фаҳмондан, ки эҳтиёткор будан дар интернет то чӣ андоза муҳим аст».

Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, ҳар ним сония дар саросари ҷаҳон як корбари нави интернет дар симои кӯдак  ба қайд гирифта мешавад. Ҳарчанд фазои рақамӣ барои омӯзиш ва рушди шахсият имкониятҳои зиёд фароҳам меорад, он инчунин хатари ҷиддӣ низ дорад. Аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ метавон кибербуллинг (озор тариқи интернет), зӯроварии эҳсосӣ ва ҷинсӣ, дастрасӣ ба мундариҷаи номатлуб ва эҳтимоли дастрасии дигарон ба маълумоти шахсиро ном бурд.

Кибербуллинг (озори онлайнӣ, ки тавассути интернет сурат мегирад) ба як мушкили ҷиддӣ барои кӯдакон табдил ёфтааст, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо (мессенҷерҳо). Дар 30 кишвар зиёда аз сеяки наврасон изҳор доштаанд, ки қурбонии кибербуллинг шудаанд ва бо ин сабаб ҳар панҷум нафар аз онҳо дарсгурезӣ мекунанд.

Ба гуфтаи равоншинос ва мутахассиси бехатарии рақамӣ Фирӯза Мирзоева, кибербуллинг аксар вақт идомаи таъқибу азият дар мактаб мебошад.

«Кибербуллерҳо бо истифода аз платформаҳои гуногун метавонанд ҷабрдидаи худро дар тамоми шабонарӯз таъқиб (пайгирӣ) кунанд. Махфӣ будани ном дар интернет ба онҳо имкон медиҳад, ки намоён набошанд (пинҳон бошанд). Ин ба фишори доимӣ ва аз даст додани назорати зиндагии худ боис мегардад. Ин метавонад ба мушкилоти ҷисмонӣ ва равонӣ, аз ҷумла фикрҳои худкушӣ оварда расонад, махсусан агар кибербуллинг бо таҳдид ҳамроҳ бошад».

Кӯдакон дар интернет метавонанд бо нафрат ва мундариҷаи зӯроварона рӯ ба рӯ шаванд. Корбарони ҷавони интернет инчунин ба даъвати гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ осебпазиранд.

Хатари истисмори ҷинсӣ ва зӯроварии онлайнӣ як мушкили ҷиддии дигар ба ҳисоб меравад. Тибқи гузориши The Global Threat of Online Child Sexual Exploitation and Abuse: An Overview (UNICEF, 2023), тақрибан 80% кӯдакон дар 25 кишвар аз эҳсоси таҳдиди зӯроварии ҷинсӣ ё истисмор дар интернет хабар медиҳанд.

Зебо Тоҷибоева бо як вазъияти ташвишовар рӯ ба рӯ шуд, вақте ки ба духтари хурдии даҳсолаи ӯ расидани паёмҳо аз мардони ношинос дар Telegram ва Instagram оғоз шуд. Ин ҳолат ӯро водор сохт, ки масоили бехатарӣ дар интернет, бахусус танзими махфият дар паёмрасонҳоро амиқтар омӯзад. Вай ба фарзандонаш чӣ гуна пинҳон кардани маълумоти шахсӣ, гузарвожа (парол) гузоштан ва насби шинохти (аутентификатсия)-и дукарата, ҳамчунин маҳдуд намудани дастрасии корбарони бегонаро омӯзонид.

«Мо якҷоя тамоми танзимро дар ҳамаи паёмрасонҳо анҷом додем, то ки амнияти аккаунтҳоямонро таъмин ва маълумоти шахсиро ҳифз намоем», – мегӯяд ӯ.

Мувофиқи тадқиқоти "Лабораторияи Касперский", огоҳ набудани волидайн дар бораи хатарҳои рақамӣ мустақиман ба сатҳи бехатарии кӯдакон дар интернет таъсир мерасонад. Мутаассифона, 50% волидайн намедонанд, ки чӣ тавр функсияҳои асосии бехатариро дар дастгоҳҳои фарзандонашон танзим кунанд, ки ин ба афзоиши ҳолатҳои таҳдидҳои онлайнӣ боис мегардад.

Манбаъҳои муфид барои падару модарон

Google Safety Center https://safety.google/intl/ru/families/

Маркази амнияти Google маълумоти фарогир ва тавсияҳо оид ба истифодаи бехатари интернет бо шумули манбаъҳо ва тавсияҳо барои волидайнро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо метавон мақолаҳо ва воситаҳоеро пайдо кард, ки ба ҳифзи кӯдакон дар интернет равона шудаанд, инчунин тавсияҳо оид ба танзими назорати волидайн пешниҳод мегарданд.

Машғулиятҳо оид ба саводнокии расонаӣhttps://mediasavod.tj/rasonaomuzi

Дар платформаи MediaSavod-и Тоҷикистон машғулиятҳо оид ба саводнокоии расонаӣ пешниҳод мешаванд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ ва малкаҳои рафтори бехатар дар Интернет ёрӣ мерасонанд. Дарсҳо бо забони тоҷикӣ пешниҳод шудаанд.

Онлайн-курс аз Internet Matters оид ба бехатарӣ дар Интернет барои волидайн – https://www.internetmatters.org

Давраи омӯзишӣ (курс) дар ҳамкорӣ бо Google таҳия шуда, ба волидайн тавсияҳои амалӣ ва воситаҳо барои ҳифзи кӯдакон дар муҳити онлайнро пешниҳод мекунад. Дар он масоили танзими бехатарӣ дар дастгоҳҳо, назорати мундариҷа ва омӯзиши кӯдакон ба рафтори бехатар дар интернет баррасӣ мешаванд. Давраи омӯзишӣ бо забони русӣ дастрас аст.

Дастур барои волидайн ва омӯзгорон оид ба ҳифзи кӯдак дар муҳити онлайнӣhttps://www.itu.int/en

Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (МСЭ) бо дастгирии ЮНЕСКО дастурамале нашр кардааст. Ин тавсияҳо барои кӯдакон, волидайн ва омӯзгорон пешбинӣ шуда, ба ташкили муҳити бехатари онлайнӣ барои кӯдакон ва ҷавонон равона шудааст. Дастурамал ба забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва дигар забонҳо дастрас аст.

Мавод оид ба бехатарӣ дар Интернет аз Better Internet for Kids (BIK)https://www.betterinternetforkids.eu

Better Internet for Kids дар бораи ҳифзи кӯдакон дар Интернет манбаъҳо пешниҳод мекунад. Маълумот бо забони англисӣ дастрас аст.

«Таҳдид дар Интернет: ин чист ва чӣ гуна бо он метавон мубориза бурд» аз ЮНИСЕФhttps://www.unicef.org/tajikistan/ru

Дар мақола ҷанбаҳои асосии зӯроварии онлайнӣ, ки наврасон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, шарҳ дода мешавад. Дар он оид ба ҳифз аз кибербуллинг далелҳои муҳим ва маслиҳатҳои амалӣ пешниҳод шуда, инчунин дар бораи роҳҳои вокуниши самаранок ба чунин таҳдидҳо маълумот дода мешавад.

Комиксҳо (расмҳои танзомез) оид ба бехатарии рақамӣhttps://mediasavod.tj/tajcomics

Дар платформаи MediaSavod маҷмӯаи комиксҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешниҳод шудааст. Ин комиксҳо барои ҷавонон ва наврасон пешбинӣ шуда, ба онҳо ҷиҳати беҳтар донистани усулҳои рафтори бехатар ва масъулиятнок дар интернет кумак мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...