Ҳукумат дар ним сол ба нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 277 млн сомонии иловагӣ дод

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои давлатӣ боз 40 млн сомонӣ ё тақрибан 3,7 млн доллари ИМА ҷудо кардааст. Дар қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора, ки 19-уми июл ба тасвиб расида, дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки қарз аз ҳисоби Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод дода мешавад.

Маблағҳои Фонди стабилизатсионии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра мешавад.

“Аз ҳисоби маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 40000000 (чил миллион) сомонӣ барои пурра намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ҷудо намояд”,-омадааст дар қарори мазкур.

Ҳамчунин, НБО “Роғун” вазифадор шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод кунад.

Дар нимсолаи равон ин бори чаҳорум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди муътадилсозӣ ё стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод барои идомаи сохтмон НБО “Роғун” маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Дар маҷмуъ, дар ин давра беш аз 277 млн сомонӣ аз ҳисоби ин фонд барои сохтмони ин неругоҳ ҷудо шудааст.

Бори аввал, моҳи феврали соли равон, ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони ба НБО “Роғун” 100 млн сомонӣ (беш аз 9,1 млн доллар), моҳи апрели соли равон 60 млн сомонӣ (зиёда аз 5,5 млн доллар) ва моҳи июл 77,5 млн сомонӣ (ҳудуди 7,3 млн доллар) равона карда шудааст.

Маблағҳои Фонди стабилизатсионии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра мешавад. Дар буҷети давлатии соли 2024 муқаррар шудааст, ки ба Фонд 25% чунин маблағҳо равона карда мешаванд.

Маблағҳои ин Фонд одатан барои рушди соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии хидматрасонии қарзи давлатии хориҷӣ равона карда мешаванд.

Бар иловаи маблағҳои иловагие, ки аз фонди муътадилсозии иқтисодӣ барои идомаи сохтмони неругоҳ дар 8 моҳи равон ҷудо карданд, инчунин, аз буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 2,5 млрд сомонӣ барои сохтмони “Роғун” маблағ ҷудо шудааст.

 

Арзиши “Роғун” дар 16 сол чӣ гуна тағйир ёфт?

Соли 2008 замони барқарор шудани амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.

Соли 2016 зимни баргузории тендери байнулмилалӣ оид ба интихоби паймонкори кулл барои сохтмони сарбанд, арзиши иншоот 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Соли 2022 Вазорати энергетикаи ҶТ, эълон дошт, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” беш аз 5 млрд доллар зарур аст.

Аввали моҳи феврали соли 2023 Вазорати энергетика хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони ин неругоҳ, тибқи арзёбиҳои ахир, 6,2 млрд доллар лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” зиёда аз 40 млрд сомонӣ (ҳудуди 4 млрд доллар) равона шуд, аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 млн сомонӣ), евробондҳо (500 млн доллар) ва боқимонда – аз ҳисоби буҷети давлатӣ.

Зимнан, Оҷонсии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings маблағи хароҷот барои анҷоми лоиҳаи НБО “Роғун”-ро то соли 2035-ум 6,4 млрд доллар арзёбӣ кард. Ин радабандӣ бар асоси маълумоти расмие, ки ба Оҷонсӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори кишвар пешниҳод шудааст, таҳия гардидааст.

 

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳ сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки чарха ё агрегати сеюми “Роғун” соли 2025 ба истифода дода шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...