Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 10-уми сентбяр, пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Маскав парвоз ва фуруди ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково ва Жуковский ба таъхир афтод.

Бар асари ин ҳодиса парвозҳо аз Тоҷикистон ва ба  Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳҳо ба вақти дигар гузошта шудаанд ва маълум нест, ки кай анҷом мешаванд.

Тибқи маълумоти дар тоблои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интишоргардида, парвоз аз Маскав, ки бояд соати 9:10 ба Душанбе мерасид, ба таъхир афтодааст. Парвозро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом медод.

Ҳамчунин, тибқи иттилои дар тоблои фурудгоҳҳи Русия нашршуда, чандин рейс ба таъхир афтода ва мушаххас нест, ки ба онҳо кай иҷозаи парвоз дода мешавад.

Ҳамзамон, субҳи имрӯз расонаҳои русӣ навиштанд, ки фурудгоҳҳои Москва — Жуковский, Внуково ва Домодедово — барои нишасту парвози ҳавопаймоҳо бо сабаби ҳамлаҳои бесарнишинҳо баста шудаанд.

Зимнан, “BBC” бо такя ба Росавиатсия навиштааст, ки фурудгоҳҳои “Внуково”, “Домодедово” ва “Жуковский” пас аз маҳдудиятҳо кори худро аз нав оғоз карданд.

“Бо сабаби ҳамлаҳои бесарнишин ба вилояти Москва маҳдудиятҳои муваққатӣ дар қабули ва фиристодани ҳавопаймоҳо аз соати 1:30 ба вақти Москва ҷорӣ шуда буданд. Мувофиқи маълумоти “Росавиатсия”, ин маҳдудиятҳо тахминан соати 8:00 субҳ ба вақти Москва лағв карда шуданд”, – навиштааст ин расона.

Тибқи маълумоти дар тоблои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интишоргардида, имрӯз дар Душанбе парвозҳои зерин дар назар дошта шудааст: 

– Соати 16:55 бояд ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский (Москва-Душанбе) бирасад. 

– Соати 17:50 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз фурудгоҳи Внуково интизор аст.

– Соати 18:20 ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский мерасад. 

– Соати 19:15 ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Екатеринбург бояд расад.

Ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки оё ин парвозҳо тибқи ҷадвал сурат мегиранд ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...