Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард

Дар натиҷаи зарбаҳо ба чандин иншоот дар ғарби Сурия шаби душанбе 16 кас кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудааст. Расонаҳои давлатии Сурия зарбаҳоро кори артиши Исроил номиданд. Низомиёни Исроил чун ҳамеша ингуна хабарҳоро шарҳ намедиҳанд. Хабаргузории расмии "САНА"-и Сурия бо истинод ба артиши Исроил хабар дод, ки Исроил чандин иншооти низомиро дар ин кишвар […]

www.centralasian.org

Дар натиҷаи зарбаҳо ба чандин иншоот дар ғарби Сурия шаби душанбе 16 кас кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудааст.

Расонаҳои давлатии Сурия зарбаҳоро кори артиши Исроил номиданд. Низомиёни Исроил чун ҳамеша ингуна хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Хабаргузории расмии "САНА"-и Сурия бо истинод ба артиши Исроил хабар дод, ки Исроил чандин иншооти низомиро дар ин кишвар ҳадаф қарор додааст.

Хабаргузории "Reuters" бо такя ба хадамоти иктишофии кишварҳои минтақа навишт, ки як пажӯҳишгоҳи илмӣ-низомӣ дар ғарби Сурия ҳадаф қарор дода шудааст. Гӯиё ин пажӯҳишгоҳ бо масъалаи силоҳи кимиёӣ машғул будааст.

Ҳамчунин чандин иншооте, ки гӯиё аз сӯи коршиносони низомии эронӣ истифода мешуданд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Димишқ ва Теҳрон ин иддаоро рад мекунанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Носир Канъонӣ ҳамла ба ғарби Сурияро тасдиқ кард, вале гуфт, он иншоот ба кишвараш рабте надоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.