“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?

Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва яке аз дӯстони Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо як қарори ҳукумат узви ҳайати мушовара ё коллегияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Қарори ҳукумат моҳи августи имсол ба тасвиб расида, дар пойгоҳи таҳлиливу ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Бар асоси ин қарор, Бароталӣ Ҳамидзода, сардори пешини […]

Asia-Plus

Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва яке аз дӯстони Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо як қарори ҳукумат узви ҳайати мушовара ё коллегияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст.

Қарори ҳукумат моҳи августи имсол ба тасвиб расида, дар пойгоҳи таҳлиливу ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷой дода шудааст.

Бар асоси ин қарор, Бароталӣ Ҳамидзода, сардори пешини милитсияи пойтахт аз ҳайати мушовараи ВКД хориҷ шуда, ҷойи ӯро Шоҳрух Саидзода гирифтааст.

Бояд гуфт, Шоҳрух Саидзодаи 37-сола, ки 7 сол сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар моҳи июни соли ҷорӣ ба ҷои Бароталӣ Ҳамидзода, сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст.

 

Вазифаи ҳайати мушовара аз чӣ  иборат аст?

Аслан ҳайати мушовара, тавре аз номи он бармеояд, сохтори машваратӣ аст ва он  дар тамоми мақомоти давлатӣ амал мекунад. Роҳбарии ҳайати мушовараро умдатан сардори ниҳод ба зимма дошта, ҳайати он дар бештар маврид аз муовинону баъзе сардорони раёсатҳо, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мутахассисон ё мақомдорони соҳавӣ аз дигар мақомот таркиб меёбад.

Вале вазифаи ҳайати мушовара дар вазорату идораҳо чист ва онҳо чӣ кор мекунанд?

Аъзои ҳайати мушовара бо фармони раиси ҳукумати кишвар таъину озод мешаванд.

Нафароне, ки шомили ҳайати мушовара мешаванд, аслан барои рушд ва идораи як соҳа фаъолият мекунанд ва ҳамин тавр, донандаи ҳамон бахш ҳастанд. Яъне онҳо мутахассиси бахше ҳастанд, ки барои рушд ё идораи он ҳайати мушовара ташкил шудааст.

Вазифаи он таҳлили фаъолияти сохтори алоҳида, вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда ё таҳлилу баррасӣ ва нақшакашии фаъолияти бахши мушаххас ё тарҳи муайян мебошад. Пешниҳоду вазифагузориҳои ин ҳайат бештар хусусияти тавсиявӣ дорад. Ин як вазифаи то ҷое ҷамъиятӣ аст ва барои ин маош ё ҳуқмузди иловагӣ таъин карда намешавад.

Дар ҳамин ҳол, таъсири ин ҳайат ба қабули қарору тасмимҳои зарурии вазорату идораҳо муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.