Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард

Вазорати маорифи ва илми Тотористони Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил аз рӯи 18 ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 100 квота ҷудо кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Ин тасмим дар доираи вохӯрӣ бо ҳайати Тотористон дар Душанбе рӯзи 6 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазорати маорифи ва илми Тотористони Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил аз рӯи 18 ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 100 квота ҷудо кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Ин тасмим дар доираи вохӯрӣ бо ҳайати Тотористон дар Душанбе рӯзи 6 сентябр гирифта шуд. Гутфа мешавад, минбаъд шумори квотаҳо метавонад зиёд шавад.

“Ин квотаҳо метавонанд ҳам дар соли хониши имсола ва ҳам оянда истифода шаванд”, – иброз доштанд дар Кумита.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Тотористон Андрей Поминов зимни вохӯрӣ омодагии ҷумҳуриро ба ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаи коллеҷи политехникии “Алабуга” изҳор намуд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорони муассисаҳои таълмии касбӣ ва таҳияи тарзҳои нави омӯзиш дар ин раванд баррасӣ шуданд.

“Алабуга” минтақаи махсуси иқтисодии навъи саноатӣ-истеҳсолӣ аст, ки дар Тотористон воқеъ мебошад. Ягона саҳмиядори ширкат Вазорати муносибатҳои замин ва амволи Тотористон мебошад.

Моҳи феврали соли 2024 Вазорати молияи ИМА нисбати “Алабуга” таҳримҳо ҷорӣ кард. Зикр шуда буд, ки дар қаламрави минтақа истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи “Геран-2” роҳандозӣ шуда, дар ҳоли рушд аст. Таҷҳизоту қисмҳои онро Эрон таъмин карда, аз ҷониби Русия дар низоъ бо Украина истифода мешавад.

Қаблан хабар дода будем, ки соли гузашта Русия квотаҳо барои довталабони тоҷикро ба таври назаррас зиёд карда, дар соли хониши 2023/2024 шумори онҳоро ба 1000 адад расонид.

Қобили зикр аст, ки Русия самти асосӣ барои таҳсил дар хориҷа барои ҷавонони тоҷик боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон зиёда аз 41,2 ҳазор ҷавонону духтарони тоҷик дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари донишҷӯёни тоҷик – 33,17 ҳазор нафар дар Русия машғули таҳсиланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.