Русия квотаҳои таҳсилро барои Тоҷикистон зиёд кард

Русия шумори квотаҳои таҳсилро барои Тоҷикистон дар соли хониши 2023-2024 то 1000 ҷой зиёд кард. Дар ин бора дар саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Россотрудничество дар Тоҷикистон хабар дод. Тасмими зиёд кардани квотаҳоро Павел Шевтсов, муовини раиси Россотрудничество зимни ифтитоҳи намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии таълимии «Маорифи Русияву Беларус. Тоҷикистон» рӯзи 21 май эълон кард. «Тасмими ҷудо […]

Asia-Plus

Русия шумори квотаҳои таҳсилро барои Тоҷикистон дар соли хониши 2023-2024 то 1000 ҷой зиёд кард. Дар ин бора дар саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Россотрудничество дар Тоҷикистон хабар дод.

Тасмими зиёд кардани квотаҳоро Павел Шевтсов, муовини раиси Россотрудничество зимни ифтитоҳи намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии таълимии «Маорифи Русияву Беларус. Тоҷикистон» рӯзи 21 май эълон кард.

«Тасмими ҷудо кардани ҷойҳои иловагӣ дар пайи машваратҳо бо роҳбарияти Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамкасбони рус, сафири Русия ва ҳамчунин бо хоҳиши президент Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд», – гуфт ӯ.

Дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил кардаанд. Як сол пеш теъдоди онҳо 23 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ба ақидаи сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, теъдоди донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, афзоиш хоҳад ёфт.

Ёдрас мекунем, ки дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии таълимии «Маорифи Русияву Беларус. Тоҷикистон», довталабон ва волидони онҳо метавонанд дар бораи самтҳои таҳсил дар 39 донишгоҳи Русия ва 10 донишгоҳи Беларус маълумот дарёфт намоянд. Ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе аллакай доир гардид.

Рӯзи 23 май ярмаркаи таълимӣ ба шаҳри Хуҷанд кӯчида, дар Қасри ҷавонон баргузор мешавад.

Чӣ гуна метавон квота гирифт?

Моҳи феврали соли равон роҳбари «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Иван Иванов дар радиои «Азия-Плюс» дар бораи ҷараёни дарёфти квота ва сабти ном муфассал сӯҳбат карда буд.

Қадами аввал бақайдгирӣ аст ва пас аз пур кардани саволнома, ҳолати он нишон медиҳад, ки он аз ҷониби РЗУ (Россотрудничество) санҷида мешавад, сипас довталаб рақами сабтро мегирад. Он чунин аст: TJ – маҷмӯи рақамҳо ва сипас / 23 – сол. Зери ин рақам шумо минбаъд дар сомона муайян карда мешавед, аз санҷиш ва дигар расмиёт мегузаред.

Пас аз санҷиши Россотрудничество, агар ҳама чиз хуб бошад, ҳолати “Санҷида шуд” (Проверено) пайдо мешавад ва ба довталаб барои аз тест гузаштан иҷоза дода мешавад. Дар омади гап, хубтар аст, ки на аз дастгоҳи мобилӣ, балки аз компютер сабти ном кунед. Ин осонтар хоҳад буд ва хатогиҳо камтар мешаванд.

Санҷиш дар шакли онлайн сурат мегирад, ки соли гузашта дар реҷаи тестӣ роҳандозӣ шуда буд.

Имтиҳонҳо дар куҷо ва чӣ гуна супорида мешаванд?

Шумо бояд онҳоро дар компютер онлайн, беҳтараш дар хона супоред. Барои супоридани санҷишҳо, шумо бояд веб-камера барои низоми санҷиш (прокторинг) дошта бошед. Имтиҳонгирандагон аз ҷониби довталабон софдилона бе фиреб супурдани санҷиш ва истифода накардани варақаҳои кумак (шапаргалкаҳо)-ро пайгирӣ мекунанд.

Онҳо тавассути камера мушоҳида мекунанд, то ки ҳаракатҳои нолозими чашми субъекти санҷиш, садоҳои нолозим ва дигар омилҳое, ки аз беинсофона иҷро шудани супоришҳо шаҳодат медиҳанд, сурат нагиранд. Агар довталаб ногаҳон ба ҷунбидан дарояд, вай аввал хабари огоҳкунанда мегирад.

Дар навбати аввал, шумо бояд ба саволҳое, ки бо ситорача нишон дода шудаанд (ҳатмӣ) диққат диҳед. Инчунин хатогиҳо дар шакли акси каҷ насбшуда ё скани ҳуҷҷате, ки хондан мумкин нест, имкон дорад.

Аввал бояд номи шахсии худ ва баъдан номи падар яъне насаб (фамилия)-ро навиштан лозим аст.

Агар ҳангоми супоридани санҷиш ҳолатҳои ғайричашмдошт ба монанди қатъи барқ ​​ё чизи дигар рух дода бошанд, шумо бояд ҳатман ба “Русский дом” муроҷиат кунед ва дар ин бора хабар диҳед. Скриншот метавонад ҳамчун далел хидмат кунад.

Кадом имтиҳонҳоро супоридан лозим аст?

Агар аз руи ихтисоси техникӣ бошад, пас физика ва математика. Агар тиб бошад, пас аз химия ва биология. Дар кластери бузурги гуманитарӣ метавонад таърих, иқтисод, ҷомеашиносӣ ва ғайраҳо бошад.

Лекин агар самт эҷодӣ бошад, пас имтиҳонҳо бояд на дар реҷаи тестӣ супорида шаванд, балки мебояд аз суҳбат гузашт. Мактабҳои олӣ расмиёти худро доранд, ҳатто агар шумо аз санҷишҳо (тестҳо) гузашта бошед ҳам, муассисаҳои таълимии маъруф метавонанд хоҳиш намоянд, ки бо комиссия суҳбат кунед.

Агар довталаб дохил шаваду, вале бо сабабҳои гуногун хориҷ гардад, пас бояд пулро баргардонад?

Не. Аммо чунин шуданаш имкон дорад, ки шахс имтиҳонҳои қабулро муваффақона супурда бошад ҳам, лекин нақшаҳояш тағйир ёфтаанд ва роҳпулӣ надорад (он аз ҳисоби квота пардохт намешавад). Пас ӯ бояд рад кардани квотаро нависад, то ба ин ҷой каси дигар гузарад. Масалан, довталабон аз рӯйхати захиравӣ, ки барои гузаштанашон ним хол намерасид.

Агар ин ҳолат дар остонаи оғози соли хониш  рух диҳад, пас чӣ мебояд кард?

Россотрудничество рӯйхати захиравӣ дорад, аз ин рӯ, ягон квота аз даст нахоҳад рафт. Ҳама дастурҳои муфассал оид ба супоридани имтиҳонҳо дар телеграм-канали “Русский дом” дар Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.