Вазорати маориф ва илм гуфт, дар Тоҷикистон кай соли хониш ба охир мерасад

Дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1-ум аллакай охири ҳамин ҳафта, 25-уми май, соли хонишро ба итмом расонида, ба таътили тобистона мебароянд. Дигарон каме бештар таҳсил мекунанд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми Тоҷористон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, хонандагони синфҳои 2 то 11-ум то рӯзи 1-уми июн таҳсил мекунанд ва баъдан, ба таътили тобистона мебароянд. Ба таъкиди […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1-ум аллакай охири ҳамин ҳафта, 25-уми май, соли хонишро ба итмом расонида, ба таътили тобистона мебароянд. Дигарон каме бештар таҳсил мекунанд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Тоҷористон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, хонандагони синфҳои 2 то 11-ум то рӯзи 1-уми июн таҳсил мекунанд ва баъдан, ба таътили тобистона мебароянд.

Ба таъкиди масъулини Вазорати маориф ва илм, яке аз нуктаҳои муҳими раванди таълим аттестатсияи хонандагон мебошад. Яъне санҷиш барои аз синф ба синфи дигар гузаштан.

Мӯҳлати аттестатсия барои хонандагони синфҳои 4 – 8 ва 10 – и шакли рӯзонаи муассисаҳои таълимӣ аз 3 то 10-уми июн муқаррар шудааст. Хатмкунандагони синфҳои 9 бошанд, аз 3 то 15 – уми июн аз аттестатсия мегузаранд. Хатмкунандагони синфҳои 11 аз 3 то 20-уми июн санҷиш месупоранд.

Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки имсол ҳам мисли солҳои пештар маросими “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон баргузор намегардад.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “Занги охир” ё “Занги камолот” таҷлил менамуданд.

Пас аз манъи таҷлили “Занги охир”, 24 – уми майи соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.