Барои табобати зарардидагони таркиши балони газ муовини вазир ва гурӯҳи табибон ба Панҷ рафтанд

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар якҷо бо гурӯҳи табибон аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар барои табобати 28 нафар ҷароҳатбардоштагони таркиши балони газ ба ноҳияи Панҷ рафтаанд. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳабар медиҳад, ки раванди табобати ҷароҳатбардоштагон зери назари Ҷамолиддин Абдулозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар якҷо бо гурӯҳи табибон аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар барои табобати 28 нафар ҷароҳатбардоштагони таркиши балони газ ба ноҳияи Панҷ рафтаанд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳабар медиҳад, ки раванди табобати ҷароҳатбардоштагон зери назари Ҷамолиддин Абдулозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, бо дастури ӯ, муовини вазир ва гурӯҳи табибон ба ноҳияи Панҷ рафтаанд ва ҳамакнун, ба табобати ҷароҳатбардоштагон машғул мешаванд.

Бояд гуфт, ки 20-уми май, бар асари таркиши балони гази моеъ дар нуқтаҳои тезтаёри назди бозори марказии ноҳияи Панҷ 28 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ интиқол ёфтанд. 8 нафар аз ҷароҳатбардоштагон дар шуъбаи эҳё ва 20 нафари дигар дар шуъбаи ҷароҳӣ бистарӣ шудаанд.

Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса интишор гардид, дида мешавад, чанд нафар барои наҷоти зане, ки либосҳояш оташ гирифтааст, талош доранд.

Вазорати корҳои дохила хабар дод, ки таркиш бар асари риоя нашудани қоидаҳои зиддисухтор рух додааст.

Мақомоти зиддахли ноҳияи Панҷ гуфтанд, ки ҳодиса санҷида, сабабу омилҳои он мушаххас карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.