Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони кишварро, ки дар пайгарди ҷиноятӣ қарор доранду дар Туркия иқомат мекунанд, ба Меҳмет Сағлам, муовини вазири корҳои дохилии Туркия супоридааст. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, ки вохӯрии Раҳимзода бо Сағлам рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Чин доир гардид.

Ин ниҳод мегӯяд, ҷонибҳо ҳамчунин, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон ва лағви раводидро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм,  киберҷиноятҳо, шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва лағви раводид мавриди баррасӣ қарор доданд”, – гуфта мешавад дар хабари ВКД.

Маълум нест, ки ҷонибҳо мушаххас кадом паҳлӯи лағви раводид байни ду кишварро баррасӣ карданд ва ба чӣ натиҷа расиданд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Туркия реҷаи 90-рӯзаи бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда, ин қарори худро ба таъмини амният рабт дод.

Давоми чанд соли охир, бархе аз мухолифини Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд, ки аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо паноҳанда мешаванд. Вале дар бештари ҳолатҳо дар доираи ҳамкориҳо бо ин кишварҳо бархеи онҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод карда мешаванд.

Дар Туркия ҳам чанде аз намояндагони мухолифини Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.

Дар чанд соли охир роҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтоёни хориҷиашон бештар ба мавзӯи боздошту истирдоди шахсони дар пайгард қарордошта аҳамият медиҳанд.

Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода дар мулоқоти худ бо ҳамтои итолиявиаш нигаронӣ карда буд, ки “баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд”.

Дар соли 2024 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо ва Туркия расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодшуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доштанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. 76 нафар дар Русия ва 4 нафар дар Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Дар соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли 2022 100 нафар бештар аст.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Тоҷикистон бо кадом кишварҳо созишномаи истирдоди ҷинояткоронро ба имзо расонидааст ва ё онро баррасӣ дорад дар маводи "Истирдоди гумонбарон ва ҷинояткорон. Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома имзо кардааст ё онро баррасӣ дорад?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...