Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 8-уми сентябр хабар дод, ки баъди санҷиши навори задухӯрди як гурӯҳ ҷавонон, чор нафарро дастгир кардааст. Манбаъ аз онҳо Абдураҳмонзода Фирӯз, Абдураҳмонзода Парвиз, Наимов Фахрид ва Наимов Фатҳиддин ном бурдааст. Гуфта мешавад, ки онҳо дар кӯчаи Пӯлодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ байни ҳам муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 8-уми сентябр хабар дод, ки баъди санҷиши навори задухӯрди як гурӯҳ ҷавонон, чор нафарро дастгир кардааст. Манбаъ аз онҳо Абдураҳмонзода Фирӯз, Абдураҳмонзода Парвиз, Наимов Фахрид ва Наимов Фатҳиддин ном бурдааст. Гуфта мешавад, ки онҳо дар кӯчаи Пӯлодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ байни ҳам муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Додгоҳ ин ҷавононро бо гумони майдаавбошӣ (моддаи 460 КҲМ ҶТ) панҷ шабонарӯз ҳабс кардааст.

Назари худи ҷавонон ва наздиконашон дар робита ба ин қазия маълум нест. Пулис ҳам шарҳи бештаре надодааст, аммо баъди роҳ ёфтани ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарони зиёде ин ҳолатро маҳкум карданд.

Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки дар Душанбе ҷавонон байни ҳам муноқиша мекунанд. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Дар баъзе занозаниҳо ҷавонон ҳатто аз корд ва олоти дигари халанда истифода карда буданд.

Моҳе қабл дар натиҷаи задухӯрд миёни ду гурӯҳи наврасон дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шуда буданд. 

Пулис дар робита ба ин ҳодиса 6 нафарро ҳамчун гумонбар дастгир карда, нисбаташон бо моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 (Абошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари занозанӣ бо силоҳи теғдор чор ноболиғ кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.