Дар вилояти Маскав 2 ноболиғи шаҳрванди Тоҷикистон зери чархи мошини корманди БДА монданд

Asia-Plus

Кормандони Нозироти давлатии БДА вилояти Маскав ҳолатҳои садамаи нақлиётро дар шаҳри Ступино, ки бар асари он 3 нафар кӯдакон осеб дидаанд, таҳқиқ мекунанд. Тибқи маълумоти расонаҳои Русия, 2 нафар аз кӯдакони оседида шаҳрвандони Тоҷикистон ва 1 нафар – шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд.

Ин ҳодисаи садамаи нақлиёт дар шаҳраки Михневои ҳавзаи шаҳрии Ступино рух додааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи 27-солаи автомашинаи сабукрави тамғаи “Омода” 3 нафар ноболиғи соли таваллудашон 2017, 2018 ва 2019-ро, ки роҳро на аз мавзеи барои пиёдагардон муқаррашуда, балки аз ҷойи манъшуда бидуни ҳамроҳии калонсолон мегузаштанд, бо мошинаш пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагрдони осебдида бо ҷароҳатҳои ҷиисмонӣ ба муассисаи тиббӣ бурда шуданд”, – гуфта мешавад дар хабари шабакаи Телеграмми Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав.

Муайян карда шудааст, ки ронандаи автомашина корманди яке аз воҳидҳои Сарнозироти БДА-и Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав буда, замони садама дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надоштааст.

Тавре ки “Московский комсомолец” менависад, аз садама ду бародари 4 ва 7-сола – шаҳрвандони Тоҷикистон ва ноболиғи 5-сола – шаҳрванди Ӯзбекистон осеб дидаанд. Ҳамаи онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, волидони осебдидагон аз Тоҷикистон муҳоҷирон буда, падарашон бекор ва модарашон ба ҳайси хазинадр (кассир) кор мекардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели рух додани садамаи нақлиёт корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...