Тоҷикистониён аз ҳама зиёдтар барои зиндагӣ ба Русия кӯч мебанданд

Байни муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон барои зиндагӣ дар Русия боқӣ мемонанд. Тавре ки РБК бо истинод ба маълумоти Росстат (мақомоти омори Русия) менависад, 31%-и муҳоҷироне, ки дар Русия ба зиндагӣ оғоз кардаанд, аз Тоҷикистон омадаанд. Дар ин мақомот симои иҷтимоӣ-демографиии муҳоҷирро таҳия карданд. Баъд аз Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистон (10%), […]

Asia-Plus

Байни муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон барои зиндагӣ дар Русия боқӣ мемонанд. Тавре ки РБК бо истинод ба маълумоти Росстат (мақомоти омори Русия) менависад, 31%-и муҳоҷироне, ки дар Русия ба зиндагӣ оғоз кардаанд, аз Тоҷикистон омадаанд. Дар ин мақомот симои иҷтимоӣ-демографиии муҳоҷирро таҳия карданд.

Баъд аз Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистон (10%), Украина, Арманистон ва Қазоқистон (ҳар кадоме 9%) қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷире, ки барои зиндагӣ ба Русия кӯчидааст, маъмулан мард (55%) буда, қобили меҳнат (76%), оиладор (51,4%) ва дорои маълумоти миёнаи пурра (39,4%) мебошад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, аз моҳи январ то октябри соли 2023 беш аз 318 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки асосан зодагони Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҳастанд.

Аз соли 2020 ҷараёни теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамин тавр, агар дар соли 2020 зиёда аз 63 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифта бошанд, пас дар соли 2021 ин рақам 103 ҳазор нафарро ташкил дода, дар соли 2022 ба 173 ҳазор нафар расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.