Боз бидуни шарҳ. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хатти марз

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии дигарбораи ҳайатҳои  маконнигорӣ (топографӣ) ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, музокирот миёни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз 11 то 17-уми сентябр давом кардааст.

“Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд”, – навиштааст “Ховар”.

Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки дар ин дидор дар мавриди кадом минтақаҳои баҳснок муҳокима сурат гирифта, чӣ пешниҳодҳое ироа гардидааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, корро идома медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи сентябр ин дуюмин музокираи гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аст. Мулоқоти гузаштаи онҳо ҳафтаи аввали ҳамин моҳ дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин дар моҳи август ҷонибҳо ду маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.

Охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад.

Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...