Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои муайян кардани хатти марзи ду кишвар вохӯрӣ анҷом додаанд.  Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аз 1 то 7-уми сентябр баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои муайян кардани хатти марзи ду кишвар вохӯрӣ анҷом додаанд. 

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аз 1 то 7-уми сентябр баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки “дар доираи вохӯрии мазкур гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаи боқимонадаи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муштараки саҳроиро гузарониданд”.

Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки дар вохӯрӣ сари кадом минтақаҳои баҳснок гуфтугӯ сурат гирифта, чӣ пешниҳодҳое ироа шудааст.

Танҳо қайд шудааст, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, корро ҷиҳати тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.

Ёдрас мешаваем, ки чанд рӯз қабл Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни ду кишвар гуфт, аммо санаи мушаххасеро зикр накард.

Бояд гуфт, тайи чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин дар моҳи август ҷонибҳо ду маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.