Cохтмони 36 манзил барои осебдидагон аз офат дар Фархор дар арафаи анҷомёбист

Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон корҳои сохтмони 36 манзил барои сокинони деҳаи Сурхоб, ки аз офати табиӣ осеб дида буданд, қариб ба охир расидааст. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, корҳои сохтмони манзилҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба андозаи 90% иҷро шудаанд. Ба иттилои манбаъ, барои сохтмони […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон корҳои сохтмони 36 манзил барои сокинони деҳаи Сурхоб, ки аз офати табиӣ осеб дида буданд, қариб ба охир расидааст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, корҳои сохтмони манзилҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба андозаи 90% иҷро шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои сохтмони манзилҳо 18 гектар замин ҷудо шуда, айни замон корҳо дар ду баст ҷараён доранд ва кӯчаҳои маҳаллаи нав аллакай сангфарш шудааст.

Дар назар аст, ки ояндаи наздик манзилҳои нав дар ин маҳалла ба истифода дода шаванд.

Ба манзилҳои сокинони деҳаи Сурхоб рӯзи 25 майи соли равон бар асари боришоти зиёд ва обхезӣ зарари зиёд расонида шуд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, тайи 6 моҳи ахир бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 164 манзил (64-тоаш пурра тахриб шуд), 1863 иншооти ёрирасон, 6 бинои мактаб ва кӯдакистон, 66 пул ва 294,2 км роҳҳои мошингард, 2498,59 гектар заминҳои кишт ба маблағи 24 млн сомонӣ осеб диданд.

Дар ин робита ҳукумат барои сохтмони 118 манзили нав маблағ ҷудо кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.