Аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафар маъюб аст. Шумораи маъюбон чӣ қадар аст?

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ҳоло дар Тоҷикистон 164,6 ҳазор маъюб аст, ки 33,6 ҳазор тани онҳо кӯдакони то 18 сола мебошанд. Миқдори маъюбон нисбат ба 1,5 соли пеш зиёда аз 5 ҳазор нафар ва кӯдакони маъюби то 18-сола қариб 1,5 ҳазор зиёд шудааст.

Аз Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафарашон маъюб буда, ба 100 ҳазор аҳолӣ 1587 маъюб рост меояд.

Аз миёни кӯдакони то 18-сола аз 125 нафарашон як кас маъюб буда, ба 100 ҳазор кӯдак 801 маъюб рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон навиштааст, ки дар 6 моҳи соли равон аз 17,3 ҳазор нафар, ки барои тасдиқи гурӯҳи маъюбӣ муроҷиат карданд, 16,7 ҳазор кас ҳамчун маъюб сабт шуданд.

Ин шумора дар ҳамин давраи соли 2023-юм 19,2 ҳазор нафар буд.

Дар ин давра 4 ҳазору 69 нафар аз қатори маъюбон берун карда шудаанд, ки ҳазору 269 нафараш бо сабаби фавт будааст. Ҳамчунин, 125 кӯдак низ аз маъюбӣ хориҷ карда шудаанд.

Ин нашрия маъюбӣ бинобар нуқсони модарзодӣ дар кишварро ташвишовар арзёбӣ кардааст, зеро аз 2 ҳазору 139 кӯдаки маъюб ҳазору 264 нафари онҳо (59%) дорои бемориҳои нуқсони модарзодӣ будаанд.

Аз Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки никоҳи хешутаборӣ яке аз омилҳои маъюбии модарзодӣ мебошад.

“Сабаби дигари маъюб­шавӣ таваллуд дар хона аст. Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ байни кӯдакони маъюбе, ки ба рӯйхат гирифта шудаанд, 57 ҳолати он бинобар таваллуд дар хона мебошад”, – омадааст дар матлаби рӯзномаи мазкур.

Соли гузашта, ҳаҷми миёнаи нафақа аз рӯи маъюбӣ каму беш аз 320 сомонӣ буд, ки камтарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Имсол, моҳи июл дар баробари баланд шудани маош нафақа аз рӯи маъюбият  низ 30% зиёд карда шуд. Маблағи нафақаи маъюбӣ ба гурӯҳи маъюбӣ, ки аз бо ташхиси тиббиву иҷтимоӣ муайян карда мешавад, вобаста аст.

Қаблан як мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар Душанбе ҳангоми сохтани бинои нав, ҳам хусусиву ҳам давлатӣ ва ҳам иҷтимоӣ, ҳатто истгоҳҳо, имконияти шахсони маъюб на ҳамеша ба назар гирифта мешавад.

Маъюбон дар Душанбе наметавонанд тавассути аробача мустақилона ҳаракат кунанд. Зеро барои ин шароити мувофиқ муҳайё нашудааст.

Дар матлаби мо бо номи “Душанбе барои маъюбон нест. Барои ҳомиладорон ва пиронсолон низ” метавонед ба мушкилоти мазкур шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...