Ба ҷои КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Кумита дар назди ҳукумат. Мушкилиҳои чандсолаи соҳа ҳал мешавад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

Ба иттилои манбаъҳо, Усмон Давлатзода, ки то ин дам директори Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” буд, раиси Кумита таъин шудааст.

Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ амалӣ мекунад.

Дар замима ба қарор ваколат, ҳуқуқу уҳдадориҳои кумита ва шахсони мансабдори он зикр шудааст.

Ба ҳайати Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Корхонаҳои воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва “Сохтмони асосӣ ва таъмир”, инчунин Маркази таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов дохил шуданд.

 

Чунин ниҳод дар низоми хидматрасониҳои коммуналӣ барои чӣ лозим аст?

Таъсиси Кумита дар доираи талаботи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 амалӣ мешавад, ки дар он такмили сохтори идоракуни соҳа пешбинӣ шудааст.

КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба фаъолияти ҳамаи корхонаҳои коммуналии ҷумҳурӣ ҷавобгӯ аст. Хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Файзобод ва ғайра мустақилона фаъолият дошта, ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тобеъ мебошанд.

Кумита сарфи назар аз шакли моликият, ҳамаи корхонаҳои коммуналии кишварро ба як сохтор муттаҳид мекунад.

 

Кумита бояд кадом мушкилотро ҳал кунад?

Дар ҳамин ҳол, дар низоми хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон мушкилот зиёд аст ва ҳаллу фасли онҳо ба дӯши кумитаи таъсисёфта вогузор мешавад.

Дар соҳаи таъминот бо оби нӯшокӣ мушкили асосӣ мавҷуд набудани низоми мутамарказ дар ноҳияҳо мебошад. Дар натиҷаи истифодаи чандинсола зиёда аз 25%-и шабакаҳои таъминот бо оби нӯшокӣ пурра корношоям гардидаанд.

Зимни ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзил зерсохтори пешакии коммуналӣ (низоми таъминот бо об, нерӯи барқ, обу корез, роҳ ва дигар иншоот) сохта намешавад. Бар асари то ҳол дар саросари кишвар насб нашудани обҳисобкунакҳо, талафоти назарраси оби ошомиданӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамагӣ дар 3 шаҳри ҷумҳурӣ низоми обу корез (канализатсия) мавҷуд аст. Дар боқимонда ё онҳо корношоям шудаанд, ё умуман вуҷуд надоштанд. Мавҷуд набудани технологияҳои поккории обҳои партов метавонад ба эпидемияи бемориҳои сироятӣ ва ба таври назаррас ифлосшавии муҳити зист оварда расонад.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳамасола аз фаъолияти корхонаву ташкилотҳо зиёда аз 2,5 млн метри мукааб партовҳо ҳосил мешавад. Дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи сахти маишӣ амал мекунад, ки ба талаботи санитариву экологӣ ҷавобгӯ нест. Коркарди партовҳои маишӣ (пластика, пластмасаа,, металлҳои ранга, батареяҳо, лампаҳои симобиву диодӣ ва ғайра) ба роҳ монда нашудааст.

Дар корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ дар натиҷаи солҳои тӯлонӣ истифода шудани дастгоҳу таҷҳизот инфрасохтори муҳандисӣ дар ҳолати фарсуда қарор дорад. Барои таъмири асосии биноҳо ва инфрасохтори муҳандисӣ маблағҳои сармоягузорон аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб намешаванд.

Истеъмолгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои қисми муайяни аҳолии шаҳри Душанбе, амалан ба гармидиҳии мутамарказ ва оби гарм дастрасӣ надоранд.

Системаҳои гармидиҳӣ, ки дар солҳои 1960-1980 ба истифода дода шудаанд, бинобар солҳои тӯлонии истифода, фарсуда шуда, ба навсозии комил ниёз доранд.

Кумита ба иҷрои ҳамаи вазифаҳое, ки дар Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва барномаи рушди соҳаи манзилию коммуналӣ барои давраи то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, масъул мебошад ва таҳияи онҳоро дар солҳои минбаъда идома медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...