Дар КҲФ сабабҳои тез-тез сабт шудани заминларзаро дар ВМКБ шарҳ доданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сабаби асосии тез-тез сабт шудани заминларзаҳо рӯзҳои ахир дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ пасларзаҳо ё худ афтершокҳо мебошанд, ки баъди заминларзаи рӯзи 27 августи соли равон рух доданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Тайи 24 соати охир дар ВМКБ як силсила заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни мардум “тафсир”-ҳои зиёдеро ба бор овард, – омадааст дар хабари Кумита. – Бо мақсади пешгирии воҳима ва ё нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ Кумита аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хостори тавзеҳот шуд”.

Афтершок (анг. Aftershock) – пасларза. Ба заминларзаи хурдтаре гуфта мешавад, ки пас аз як заминларзаи бузургтари қаблӣ ва дар ҳамон минтақа рӯх медиҳад. Агар як пасларза аз заминларзаи пеш аз худ бузургтар бошад,  номи пасларза ба заминларзаи аслӣ тағйир мекунад ва заминларзаи аввалия пешларза ном мегирад.

Гуфта мешавад, маркази зилзилаи 4,9 балл рӯзи 27 август дар 25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ, дар минтақаи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт воқеъ буд. Қувваи заминларза дар Хоруғ 4-4,5 баллро ташкил дод.

Ба иттилои Кумита, пас аз ин шаби 18 сентябр дар ин мавзеъ боз се заминларза бо шиддати M=4,3, M=4,2 ва M=4,1 ба қайд гирифта шуд, ки ҳамчунин ба ҳамон шикасти зеризаминӣ марбут буда, пасларза (афтершок) маҳсуб меёбанд.

“Пасларзаҳо мумкин аст соатҳо, рӯзҳо ва ҳатто моҳҳо идома кунанд, ки як ҳодисаи маъмулӣ аст”, – хотиррасон кардаанд дар КҲФ.

Кумита аз аҳолии маҳаллӣ даъват кардааст, ки аз ин ҳодисаҳо нигарон набошанд, зеро қаламрави ВМКБ яке аз ноҳияҳои аз зилзилахез дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол дар ҳудуди он заминларзаҳои шиддаташон гуногун дар умқи мухталиф ба қайд гирифта мешаванд.

“Биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ воқеъанд, ба заминҷунбии 8 – 9 балл тобовар буда, ин бехатарии иловагии онҳоро таъмин мекунад”, – таъкид мекунанд дар Кумита.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки “муҳим аст одамоне, ки дар навоҳии зилзилахез истиқомат мекунанд, чораву тадбирҳои хеле одии амниятӣ андешанд ва донанд, ки дар вақти заминларза чӣ бояд кунанд”.

“Такони замин тарсовар аст ва хеле нохушкунанда, вале то анҷоми он шумо роҳи дигаре ба ҷуз сабр надоред, – тавсия медиҳанд дар ин ниҳод. – Аз ин рӯ ором бошед ва ботаваҷҷуҳ. Дар ин сурат шумо шонси бештари безарар мондан аз заминларза хоҳед дошт. Гузашта аз ин одамони дигар ба шумо пайравӣ мекунанд ва ин худ бурди онҳост”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...