Театрҳои кишвар бо кадом намоишнома мавсими нави театриро оғоз мекунанд?

Шоира Мадалиева, Asia-Plus

Имрӯз 20-уми сентябр Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, “модари театрҳои тоҷик” бо намоишномаи “Хунхори Торросӣ” мавсими 95-уми театриро оғоз мекунад. "Азия-Плюс" маълум кард, ки боз кадом театрҳо бо кадом намоишнома мавсими нави театриро оғоз мекунанд.

Намоишномаи “Хунхори Торросӣ” аз рӯйи асари драматург Азиз Несин бо коргардонии Султон Усмонов, саркоргардони театр рӯйи саҳна омадааст. Ин театр дар мавсими нав се намоишномаи тозаи дигар ба саҳна мегузорад.

Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномаи нави “Симо ва ниқоб” оғоз мекунад. Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари Шодӣ Солеҳ бо коргардонии Нозим Меликов таҳия шуда, нахустнамоишаш рӯзи 21-уми сентябр, соати 12:00 дар оғози мавсими нави театрӣ ба саҳна гузошта мешавад.

Нозим Меликов коргардоне аст, ки дар таърих нахустин маротиба театри тоҷикро бо намоишномаи “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Амрико муаррифӣ кард. 

Дар аксари театрҳои пойтахт алакай мавсими нави театрӣ оғоз гардидааст. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 18 сентябр бо намоиши операи “Рӯдакӣ” мавсими нави театриро оғоз кард. Операи мазкур санаи 21-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд низ намоиш дода мешавад. Коргардони ин намоишнома Суҳроб Усмонов ва бастакори он Шарофиддин Сайфиддинов буда, аз рӯйи либреттои “Рӯдакӣ”-и Сотим Улуғзода ба саҳна гузошта шудааст.

Бояд гуфт, аввалин шуда 11-уми сентябр Театри таҷрибавии “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов бо намоишномаи кӯдаконаи “Қиссаи Ниф-ниф” ин мавсимро оғоз кард.

Интизор меравад, ки театри мазкур баъди як моҳ нахустнамоиши тарҷумаи назмии “Евгений Онегин”-и Пушкинро ба саҳна гузорад. Коргардони ин намоишнома Гулчеҳра Наимова аст.

Театри давлатии “Лӯхтак” рӯзи 15-уми сентябр намоишнома барои кӯдакони “Звёзды и мальчик”-ро ба саҳна гузошт ва бо намоиши нахустини ин намоишнома мавсими нави театриро оғоз намуд.

Санаи 24-уми сентябр, соати 10:00 бахшида ба 40-солагии таъсиси театри “Лӯхтак” намоишномаи “Кист гунаҳкор?” ба саҳна гузошта мешавад. Он аз рӯи асари Лев Кажевников бо коргардонии Сафарзода Иззатулло таҳия шудааст ва дар Тоҷикистон аввалин маротиба намоиш дода мешавад.

Аз Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский гуфтанд, мавсими нав дар ин театр ҳанӯз 31-уми август бо намоишномаи "Панҷ зани Хоҷа Насриддин" оғоз ёфта буд ва ҳоло ҳайати театр барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар сафари ҳунарӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ҳамасола мавсими театрӣ моҳи сентябр оғоз мегардад ва театрҳои кишвар то моҳи май намоишномаҳои худро барои ҳаводорони театр ба саҳна мегузоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...