8 соат дар як шабонарӯз. “Барқи тоҷик” гуфт, дар кишвар расман “лимит”-и барқ ҷорӣ шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шурӯъ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё "лимит"-и барқ расман ҷорӣ шуд. Дар ин бора ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як муроҷиатнома хабар дода, мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон кард. 

Ин ниҳод аз аҳолӣ хост, ки "ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд." 

"Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад", – омадааст дар муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”.

Сабаби ин тасмимро ширкат “сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ” унвон карда, гуфт, ки имкон дорад ба дарёи Вахш об камтар ояд.

Вале “Барқи тоҷик” дақиқ нагуфт, ки дар як шабонарӯз сокинон бо чанд соат нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони музофоти кишвар гуфтанд, ки шурӯъ аз рӯзи 20-уми сентябр “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст ва дар як шабонарӯз 8-10 соат барқ доранд.

Онҳо гуфтанд, барқ субҳ соати 5:00 рӯшан шуда, соати 8:00 хомӯш мешавад ва бегоҳ аз соати 17:00 то соати 22:00 фурӯзон хоҳад буд.

"Барқи тоҷик" аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки "ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода намоянд".

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз моҳи октябр то апрел дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешуд. Солҳои пеши "Барқи тоҷик" вуҷуди "лимит"-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард. Танҳо пас аз расидани зимистон, шикояти сокинон ё интиқоди раиси ҷумҳур эътироф мекард, ки дар кишвар “лимит” ҷорӣ шудааст

Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистон аст. Қаблан, масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва "Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то неругоҳи "Роғун" пурра ба кор надарояд, "лимит"-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар, дар 8 моҳи соли равон ба хориҷа зиёда аз 1 млрд киловатт соат барқ содир кардааст, ки арзишаш ба беш аз 82,3 миллион доллар мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...